Болоравии қимати орд ба андозаи 40%

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта моҳи майи соли равон қимати орд дар бозорҳои Тоҷикистон 40% боло рафт. Тавре дар гузориши «Мониторинг» ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, ба санаи 31-уми майи соли равон дар бозорҳои кишвар арзиши як халта орд (50 кило)-и навъи якуми истеҳсоли ватанӣ – 145,95 сомонӣ (30,7 доллари ИМА) […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта моҳи майи соли равон қимати орд дар бозорҳои Тоҷикистон 40% боло рафт.

Тавре дар гузориши «Мониторинг» ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, ба санаи 31-уми майи соли равон дар бозорҳои кишвар арзиши як халта орд (50 кило)-и навъи якуми истеҳсоли ватанӣ – 145,95 сомонӣ (30,7 доллари ИМА) ва орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон – 148,7 сомонӣ (31,2 доллари ИМА)-ро ташкил додааст.

«Агар нархи ҳозираро бо нархҳои ҳамин давраи соли гузашта муқоиса намоем, пас маълум аст, ки нархи орди истеҳсоли ватанӣ – 38% ва орди истеҳсоли Қазоқистон – 36% зиёд шудааст», – таъкид мекунанд муаллифони гузориш.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар зарфи 4 моҳи соли равон аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 187,2 ҳазор тонна зироати ғаллдаона ва 71,6 ҳазор тонна орд ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 18,9% ва 54,6% камтар мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.