Суғд: Президент ба донишҷӯёни ятим планшет туҳфа кард

Субҳи имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳангии арбоби вилояти Суғд ба 175 нафар ятимони бе падару модар кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз кумакҳои моддии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст 87 нафар мактаббачоне, ки аз падару модар ятим мондаанд, бархӯрдор гардиданд. Ба 88 нафар […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳангии арбоби вилояти Суғд ба 175 нафар ятимони бе падару модар кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз кумакҳои моддии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст 87 нафар мактаббачоне, ки аз падару модар ятим мондаанд, бархӯрдор гардиданд. Ба 88 нафар донишҷӯёни ятими бе падару модар низ туҳфаҳои хотиравӣ ва  кумаки моддӣ, аз ҷумла яктогӣ планшетҳои Samsung galaxy tab 2, ки барои донишҷӯён айни муддао аст, тақдим гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаббачагону донишҷӯёни ятимро ба хониши хубу аъло, аз худ намудани илму техникаи муосир ва касбу ҳунари матлуби замон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки ҳеҷ гоҳ худро ятиму бепарастор эҳсос накунанд.

Қобили зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ мардуми сарватманду саховатпешаро ба дастгирии ҳамаҷонибаи ятимону бепарасторон, пеш аз ҳама онҳое, ки ҳам аз падар ва ҳам аз модар ятим мондаанд, даъват карда буд.

Сарвари давлат тайи рӯзҳои сафари корӣ ба вилояти Суғд дар иҷрои ин даъват ташаббуси ибратбахш нишон дод. Дар натиҷа тайи ин рӯзҳо дар қаламрави вилояти Суғд ба 878 нафар ятимони бе падару модар кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои хотиравии сарвари давлат дастрас гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.