Айбномаи нав дар парвандаи Зайд Саидов

Date:


Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи ҳолатҳои нави марбут ба парвандаи ҷиноии Зайд Саидов як иттилоияи расмӣ пахш намуд.

Дар иттилоия зикр мегардад, ки моҳи октябри соли 2005 шаҳрванди Қазоқистон Серикбол Окушев – яке аз соҳибкорони муваффақи Қазоқистон, бо мақсади сармоягузорӣ дар истихроҷи коркарди тилло ба Душанбе омада, бо шаҳрванди Тоҷикистон Бобоев Далер Ҷӯрақулович, ки яке аз одамони эътимодноки Зайд Саидов буд, шинос шуд.

«Далер Бобоев дар навбати худ Окушевро бо собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов дар утоқи хизматии охирон шинос намуд, ки дар он ҷо Зайд Саидов ҳуҷҷатҳои геологии кони тиллои «Чоре»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғдро ба сармоягузор Окушев барои омӯзиш дод»,- баён мегардад дар иттилоия.

Ба иттилои манбаъ, Окушев ҳуҷҷатҳоро ба сармоягузорон-роҳбарияти бонки «Турон Алем»-и ӮҚазоқистон пешниҳод намуд, ки онҳо баъди омӯзиш, барои сармоягузории ояндадор ба маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ мактуби кафолати сармоягузории бонкиро доданд. Моҳи январи соли 2006 дар шаҳри Душанбе ҳангоми мулоқоти навбатӣ Окушев С.Т. мактуби кафолатии номбурдаро ба Саидов Зайд дод.

Дар иттилоия ҳамчунин изҳор мегардад, ки Саидов бо мақсади ғаразнок, бо суиистифодаи ваколатҳои мансабӣ, барои иҷрои амали муайян, яъне мусоидат намудан дар гирифтани иҷозатномаи ҳукумати Тоҷикистон барои истихроҷи кони тиллои «Чоре»-и ноҳияи Айнӣ сараввал аз Окушев маблағи 700 ҳазор доллари амрикоиро ба сифати пора талаб намуда, моҳи феврали соли 2006 ҳангоми дар шаҳри Алма-атои Қазоқистон карор доштанаш дар ҳамиштирокии Бобоев Далер аз Окушев ин маблағро шахсан мегирад.

«Тахминан моҳи июни соли 2006 Зайд Саидов аз маблағи гирифтаи пора конеъ нагашта Окушевро аз нав ба Душанбе даъват намуда, аз ӯ иловатан барои ҳалли масъалаи гирифта додани Иҷозатномаи дар боло зикршуда боз оварда додани 800 ҳазор доллари амрикоиро ба сифати пора талаб намуд»,- омаддаст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, дар чунин ҳолати ногувор Окушов С.Т., бо назардошти он, ки аллакай маблағи 700-ҳазор доллари амрикоиро дода буд ноилоҷ розӣ шуда, ҳамзамон аз Саидов Зайд кафолати иҷроиши амали муайяни дар боло зикршударо хоҳиш намуд.

Зайд Саидов ба сифати гарави иҷрои ӯхдадории дар назди Окушев С.Т. ба зимма гирифтааш, ҳуҷҷатҳои ЧСШК «Тоҷикатлас»-ро, ки қаблан аз зердасташ собиқ директории ЧСШК «Химзавод»-и шаҳри Исфара Чураев Низомхон ба сифати пора гирифта буд ба Окушев С.Т. пешниҳод кард.

Минбаъд Саидов Зайд малбағи 800-ҳазор доллари амрикоии ба сифати пора талаб намудаашро дар чанд лаҳза шахсан ва тавассути ҳаммаслакаш Бобоев Далер аз Окушев С.Т. гирифт.

Дар маҷмӯъ Саидов Зайд аз Окушев С.Т. маблағи пораро ба миқдори 1-миллиону 500 –ҳазор доллари амрикои гирифта, ҳамчун Вазири саноати Чумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани лоҳиаи қарори Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи кони тиллои «Чоре»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд мусоидат менамояд.

19 июни соли 2013 оиди ҳолати мазкур нисбати Саидов З.Ш. ва Бобоев Далер Чуракулович бо аломатҳои моддаи 319 қисми 4 бандҳои «а,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои гирифтани пора, аз ҷониби шахси мансабдори давлатии Чумҳурии Тоҷикистон, шахсан ва ба воситаи миёнарав, такроран ба миқдори калон пешбини менамояд) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати Бобоев Д.Ч. низ чораи пешгири дар шакли ба ҳабсгири татбиқ карда шудааст.

Ғайр аз ин Саидов З.Ш. авалҳои соли 2011 дар Федератсияи Россия дар шаҳри Москва бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, такроран, ба миқдори махсусан калон бо шаҳрванди Украина Корецкий Иван Владимирович шинос шуда ба охирин худро ҳамчун тоҷир вобаста ба сохтмонҳои бузург дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ ба боварии Корецкий И.В. даромад.

Минбаъд Саидов Зайд бо суиистифода аз боварии Корецкий И.В.моҳи майи соли 2012 дар шаҳри Москва бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр аз Корецкий И.В. маблағи 1070000 (як миллиону ҳафтод ҳазор) доллари амрикоиро гӯё ба сифати қарз гирифт.

Баъдан моҳи декабри соли 2012 Саидов З.Ш. аз маблағи 1070000 доллари амрикоии гирифтааш, маблағи 300000 (сесад ҳазор) доллари ИМА-ро ба Корецкий И.В. дар шаҳри Москва баргардонида боқимонда 770000 доллари амрикоиро тассаруф намуда, онро ба манфиатҳои шахсии худаш сарф намуд.

Дар натиҷа Саидов З.Ш. бо чунин ҳаракатҳои ғайриқонунии худ ба шаҳрванди Украина Корецкий И.В. зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонид.

Оиди ин ҳодиса нисбати Саидов З.Ш. сани 19 июни соли 2013 бо аломатҳои моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон пешбини менамояд) оғоз карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта ба тоҷири маъруфи тоҷик Зайд Саидов, ки айни замон дар тавқифгоҳи мувақатии КДАМ ҶТ қарор дорад,

муоинаи табибро иҷозат доданд

. Шуҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои тоҷир ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ба зерҳимояаш муоинаи табиби дар озодӣ ба вазъии солимии ӯ назоратдоштаро иҷозат надода, ӯро табиби дигар муоина кардааст.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид. Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дахолатнопазирии З.Саидов бекор шуд. Дар манзил ва дафтари кории З.Саидов кофтуков гузаронида шуд.

Санаи 22-юми майи соли равон суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҳабси тоҷир иҷозат дод. Рӯзи 24-уми май роҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав», тоҷири маъруф Зайд Саидов аз бинои Агентии зиддифасод, ки аз замони боздошт дар он қарор дошт, ба тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар мавриди чораи пешгирӣ нисбати Зайд Саидов дар шакли дар ҳабс нигоҳ доштанро бетағйир боқӣ гузошт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...