Дипломати тоҷик дар ҳузури ёвари нахуствазири Покистон

Ахири ҳафтаи сипаришуда, 21 июни соли равон ёвари махсуси сарвазир-вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Фотимӣ сафири Тоҷикистон Шералӣ Ҷононовро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ ҳарду ҷониб рушди робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ қайд намуданд. Ба иттилои манбаъ, сафир ҳамсӯҳбати хешро оид […]

Asia-Plus


Ахири ҳафтаи сипаришуда, 21 июни соли равон ёвари махсуси сарвазир-вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Фотимӣ сафири Тоҷикистон Шералӣ Ҷононовро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ ҳарду ҷониб рушди робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ қайд намуданд.

Ба иттилои манбаъ, сафир ҳамсӯҳбати хешро оид ба иқдомҳои Тоҷикистон шинос намуда, раванди омодагириро ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, шарҳ дод.

Гуфта мешавад, диққати махсус ба рушди робитаҳои иқтисодӣ, зарурати истифодаи фаъоли имкониятҳои тиҷоратӣ ва транзитӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои энергетикии минтақавӣ равона карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.