Пойгаи автомобилии Душанбе-Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи ваҳдат

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи “Вечерка” ва маркази фарҳангии “Аржанг” санаҳои 29 -30 июн аксияи автопробегии “Шоҳроҳи Ваҳдат” баргузор мегардад. Бино ба иттили сомонаи расмии ҲХДТ, аксияи мазкур бори аввал баргузор шуда, иштирокчиёни он тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук интихоб […]

ASIA-Plus


Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи “Вечерка” ва маркази фарҳангии “Аржанг” санаҳои 29 -30 июн аксияи автопробегии “Шоҳроҳи Ваҳдат” баргузор мегардад.

Бино ба иттили сомонаи расмии ҲХДТ, аксияи мазкур бори аввал баргузор шуда, иштирокчиёни он тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук интихоб шудаанд. Дар доираи аксияи мазкур зиёда аз 130 нафар ҷавонон аз манотиқи мухталифи мамлакат дастаҷамъона бо воситаи нақлиётҳои шахсӣ тариқи роҳи Душанбе – Чаноқ ба вилояти Суғд сафар менамоянд. Дар ноҳияи Шаҳристон ҷавонони вилояти Суғд иштирокчиёни аксияро истиқбол намуда, баъдан аз шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд, Қайроққум ва маҷмааи таърихии Қасри Арбоб дидан менамоянд. Ҳамчунин дар доираи аксия баргузории як дебат ва конференсия дар мавзӯи “Нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷавонон ва роҳҳои самаранок истифода бурдани он” дар назар аст.

Мақсад аз баргузор намудании аксияи мазкур тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, огоҳ будан аз ҷойҳои таърихии кишвар ва бо ин васила аз байн бурдани сарҳадҳо миёни минтақаҳои мамлакат, таъмини ваҳдати ягонаи ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Шарикони расмии аксияи автопробегии “Шоҳроҳи Ваҳдат” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ мебошанд. Ширкати мобилии Тсеll ва Ширкати Фароз ба сифати сарпарастони расмӣ ширкат меварзанд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.