Ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Кувайт

Имрӯз дар шаҳри Алкувайт-пойтахти Давлати Кувайт бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои сафорати Тоҷикистон дар ин кишвари мутараққии арабӣ боз шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷониби Давлати Кувайт ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои сафорати Тоҷикистон муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ ҳамроҳӣ намуд. […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар шаҳри Алкувайт-пойтахти Давлати Кувайт бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои сафорати Тоҷикистон дар ин кишвари мутараққии арабӣ боз шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷониби Давлати Кувайт ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои сафорати Тоҷикистон муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ ҳамроҳӣ намуд.

Дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ таҳти садои Суруди миллии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд.

Сипас Сарвари давлати Тоҷикистон ва шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ ба хонаи миллии тоҷикӣ, ки дар назди сафорат бунёд ёфтааст, ворид шуда, дар болои кати тоҷикӣ каме фароғат намуданд. Ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароите, ки дар ин бинои нав барои дипломатҳои тоҷик муҳайё гардидааст, баҳои баланд дода шуд.

Зимни суханронии табрикӣ Эмомалӣ Раҳмон боз шудани бинои нави сафорати Тоҷикистонро “рӯйдоди муҳим дар рушди муносибот бо Давлати Кувайт” номида, изҳори умед кард, ки “дар пайравӣ ба ин иқдом дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе низ сафорати муқимии Давлати Кувайт боз мегардад”.

Бо қаноатмандӣ аз баромадани муносиботи ду кишвар ба сатҳи сифатан нав таъкид гардид, ки барои таҳким ва густариши минбаъдаи ин раванд сафоратҳо ва доираҳои дигари масъули ҳарду давлат бояд пайваста ҷаҳду талош намоянд.

Муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оғозбахши марҳилаи нави муносиботи ду кишвар номида, изҳор дошт: “Мо ваъда медиҳем, ки дар ояндаи наздик сафорати Давлати Кувайт низ дар Тоҷикистон боз хоҳад шуд”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.