Таҳқиқи далелҳои лату кӯби маъюб дар ШКД-и Ҳисор

Прокураураи генералии Тоҷикистон аз прокуратураи ноҳияи Ҳисор талаб намуд, ки далелҳои шикояти маъюб Дилшод Шарифов оид ба мавриди лату кӯб қарор гирифтанаш аз ҷониби кормандони милиса ва мақомоти прокуратураи ноҳия дақиқан санҷида шаванд. Чӣ тавре ки аз Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, моҳи апрели соли 2011 Дилшод Шарифов ва ҳамсояи […]

ASIA-Plus



Прокураураи генералии Тоҷикистон аз прокуратураи ноҳияи Ҳисор талаб намуд, ки далелҳои шикояти маъюб Дилшод Шарифов оид ба мавриди лату кӯб қарор гирифтанаш аз ҷониби кормандони милиса ва мақомоти прокуратураи ноҳия дақиқан санҷида шаванд.

Чӣ тавре ки аз Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, моҳи апрели соли 2011 Дилшод Шарифов ва ҳамсояи ӯ Шуҳрат Холов шоҳиди лату кӯби корманди дорухона аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи Ҳисор шуда, баҳри пешгирии он, изҳор кардаанд, ки ба прокуратура муроҷиат мекунанд. Кормандони милиса ба лату кӯб хотима бахшида, автомашинаи корманди дорухонаро бо худ мебаранд.

Идомаи ҳодиса чунин сурат мегирад, ки худи ҳамон шаб Шуҳрат Холов ва баъди чанд рӯзи дигар Дилшод Шарифовро низ ба шуъбаи милиса бурда, онҳоро мавриди луту кӯб ва маҷбур месозанд, ки аз баёноти додаашон муқобили кормандони милиса даст кашанд.

«Моҳияти шикояти Дилшод Шарифов дар он ифода меёбад, ки барои амалҳои ғайриқонунӣ нисбати ӯ ва шаҳрвандони дигар кормандони милисаи ноҳияи Ҳисор муҷозот намешаванд», – гуфтанд ҳомиёни ҳуқуқ.

Ҳафтаи гузашта Прокуратураи генералии ҶТ қарори прокуратураи ноҳияи Ҳисор дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони милиса аз рӯи далели истифодаи шиканҷа ва кирдори бераҳмонаро бекор намуда, маводи санҷиш аз рӯи ҳодисаи мазкурро барои баррасии дақиқу мунсифона ба прокурори ноҳияи Ҳисор фиристод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.