М.Аҳмадинажод: Дӯстии Тоҷикистону Эрон «истисноӣ» аст

Нимаи дуюми рӯзи 26 июни соли равон президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Маҳмуд Аҳмадинажод вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифиро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот раисҷумҳури Эрон муносибатҳои байни Эрону Тоҷикистонро ҳамчун “дӯстии истисноӣ” ном бурд. Ӯ қайд намуд, ки ба Тоҷикистон шаш маротиба сафар намуда буд […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 26 июни соли равон президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Маҳмуд Аҳмадинажод вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот раисҷумҳури Эрон муносибатҳои байни Эрону Тоҷикистонро ҳамчун “дӯстии истисноӣ” ном бурд. Ӯ қайд намуд, ки ба Тоҷикистон шаш маротиба сафар намуда буд ва ба мушоҳидаи ӯ чанд соли охир Тоҷикистони бародар хеле рушд кардааст. Президенти Эрон ҳамчунин хоҳиш намуд, ки орзуҳои неки ӯ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳалқи шарифи Тоҷикистон расонида шавад.

Дар навбати худ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сарвари давлати Эрон паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Ҳамчунин Ҳамрохон Зарифӣ ба президенти Эрон дар бораи рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон маълумоти мухтасар дод.

Рӯзи 27 июни соли 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо устондори Хуросон Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Фурӯзонмеҳр мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо рушди робитаҳои дуҷонибаро мусбӣ баҳогузорӣ намуда, зарурати фаъол кардани ҳамкориро дар соҳаҳои нақлиёт ва роҳ, кишоварҳӣ ва соҳибкорӣ қайд намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон диққати ҳамсуҳбати худро ба муҳимияти мубодилаи таҷриба миёни мутахассисони саноати бофандагии Тоҷикистону Эрон ва қолинбофӣ, ки Хуросонро машҳур кардаанд, ҷалб намуд.

Дар навбати худ Устондор Фурӯзонмеҳр оид ба дастовардҳои устони Хуросон Разавӣ дар заминаҳои гуногун, хусусан кишоварзӣ ва саноатӣ маълумот дод. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки дар Машҳад солҳои охир бештар аз 5 намоишгоҳҳои саноатӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон баргузор гаштааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.