Дар ВМКБ мақомоти махсуси Тоҷикистон аъзоёни гурӯҳи ҷиноятии Хоруғро безарар карданд

Дар ВМКБ аъзоёни гурӯҳи ҷинояти, ки дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштанд, безарар карда шуданд. Дар ин бора Маркази робитаҳо бо ҷомеъаи КДАМ хабар медиҳад. Дар ҷараёни амалиёти муштарак дар қаламрави ноҳияи Шаҳритус нашъаҷаллоби эҳтимолӣ, аъзои яке аз гурӯҳҳои ҷиноятии Хоруғ, сокини ҷамоати Поршнев Темурбек Бозорови 48-сола ва писари 21-солаи ӯ Элбек Бозоров дастгир […]

Аваз юлдашев


Дар ВМКБ аъзоёни гурӯҳи ҷинояти, ки дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштанд, безарар карда шуданд. Дар ин бора Маркази робитаҳо бо ҷомеъаи КДАМ хабар медиҳад.

Дар ҷараёни амалиёти муштарак дар қаламрави ноҳияи Шаҳритус нашъаҷаллоби эҳтимолӣ, аъзои яке аз гурӯҳҳои ҷиноятии Хоруғ, сокини ҷамоати Поршнев Темурбек Бозорови 48-сола ва писари 21-солаи ӯ Элбек Бозоров дастгир шуданд.

Боздоштшудагон дар фурӯши маводи мухаддир муттаҳам мешаванд. Аснои тафтишоти манзили истиқоматии Бозоров беш аз 2 килло героин, таппончаи Макаров бо 34 дона тир, 40 дона тирҳои гуногун, 300 гармм сангҳои қиматбаҳо, 27 ҳазор сомонӣ, инчунин заврақи резинӣ, ки эҳтимол меравад барои моли қочоқӣ тавассути сарҳади Тоҷикистону Афғонистон истифода мешуд, пайдо ва мусодира гардиданд.

Тавре тафтишоти пешакӣ муайян намуд, Бозоров сангҳои қиматбаҳоро аз корманди Кумитаи ҳолатҳои фақуллода ва мудофеаи шаҳрвандии ВМКБ, ки номаш ифшо намегардад, гирифтааст. Айни замон нисбат ба дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.