Сафири Зеландияи Нав нусхаи Эътимодномаашро ба Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супорид

Дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ нусхаи Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Зеландияи Нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамиш Куперро қабул намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба вазъият дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар карданд. Кӯшиши тарафайн ҷиҳати ташкили мулоқотҳои дуҷониба […]

Аваз Юлдашев


Дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ нусхаи Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Зеландияи Нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамиш Куперро қабул намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба вазъият дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар карданд. Кӯшиши тарафайн ҷиҳати ташкили мулоқотҳои дуҷониба дар сатҳи олӣ, инчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ иброз карда шуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мавҷудияти имконоти васеъро барои ҳамкориҳои дуҷониба махсус қайд сохт. Ҳамчунин ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон оид ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталиф бо Зеландияи Нав таъкид гардид. Дар ин бора торнамои расмии ВКХ ҶТ хабар медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.