Иштироки ҳайати расмии Тоҷикистон дар Конфронси ОЭСР дар сатҳи вазирони Авруосиё

Дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон конфронси Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) дар сатҳи вазирони Авруосиё баргузор гардид. Тоҷикистонро  дар Конфронс муовини аввали сарвазир Матлубхон Давлатов ба айси роҳбари ҳайат, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо – сафир Рустамҷон Солиев намояндаг ӣ карданд. Сомонаи расмии ВКХ […]

Азия-Плюс


Дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон конфронси Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) дар сатҳи вазирони Авруосиё баргузор гардид.

Тоҷикистонро  дар Конфронс муовини аввали сарвазир Матлубхон Давлатов ба айси роҳбари ҳайат, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо – сафир Рустамҷон Солиев намояндаг

ӣ

карданд.

Сомонаи расмии ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар чаҳорчӯби конфронси мазкур Ҳукумати Лаҳистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд бизнес-форум барпо карданд. Дар форуми номбурда вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода имконоти иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ ва сармоягузории ҷумҳуриро дар асоси факту рақамҳои дақиқ муаррифӣ намуд.

Шариф Раҳимзода таъкид сохт, ки узвияти комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шароити мусоидро барои рушди робитаҳои судманди байналмилалии иқтисодию тиҷоратии ҷумҳурӣ фароҳам меоварад.

Иштирокчиён ва соҳибкорони лаҳистонӣ ба имконоти иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон мароқи хоса зоҳир намуда, омодагии худро оид ба роҳандозии ҳамкории муфиди дуҷониба изҳор карданд.



 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.