Корхонаи дӯзандагии “Ёқут-2000” супориш гирифтааст, ки то рӯзи баргузории мулоқот барои беш аз 200 тан аз имо
м
хатибон аз тамоми гӯ
шаву канори То
ҷ
икистон либоси ягона бидӯзад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини р
о
ҳ
бари Кумитаи кор бо дини Тоҷикистон Мавлон Мухторов хабар дод, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон барои имомхатибоне, ки дар ин мулоқот ширкат мекунанд, либоси ягона супориш додааст.
Дар худи Марказ ин хабарро шарҳ надоданд.
Либоси ягона
–
челак, пироҳан ё курта, шим ва кашфро дар бар мегирад. Тавре ба ОИ «АП» яке аз сархатибҳо хабар дод, сару либоси ягона барои ҳар як нафар сархатиб 435 сомонӣ ва барои имом-хатибон 320 сомониро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки либоси сархатибон аз имомхатибон каме дар ранг фарқ мекунад.
Мулоқоти президент бо фаъолону рӯҳониён рӯзи панчшанбе
,
4 июл дар толори Кохи Ваҳдати Душанбе баргузор мешавад. Дар ин мулоқот 1200 нафар, аз ҷумла фаъолону раисони ҷамоатҳо ва имомхатибони масҷидҳои кишвар ширкат хо
ҳ
анд кард.


