Нашриёти «Адиб» китоберо бо номи «Парандаҳои муҳоҷир» рӯи чоп овард.
Муаллифи ин китоб Холиқназар Ҷумъаев, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон буда, нигоштаҳояш оид ба зиндагии талх ва сахти муҳоҷирони тоҷик дар Русия мебошад.
Тавре муаллиф ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, китоб натиҷаи тадқиқоти гуногуни ӯ дар шаҳрҳои Русия буда, чор қисса бо номи «Бозгашт аз он дунё», «Доми фиреб», Паррандаи муҳоҷир» ва «Рӯзи сиёҳи муҳоҷир» -ро дар бар гирифтааст. Китоб дар асоси қиссаҳои воқеӣ аз соли 2005 то соли 2008 гирдоварӣ шудааст.
Ҷумъаев қайд кард, ки китоби «Парандаҳои муҳоҷир» аз рӯзгори вазнину пурмашаққати муҳоҷирони кории тоҷик, беҳуқуқиву сарсонӣ ва бепуштупаноҳии онҳо, аз ваҳшиёнату куштори тоҷикон аз тарафи сартосону миллатчиёни рус, порахӯрии милисаҳову мансабдорони гуногуни давлатии Русия, вазъи боздошти муҳочирони маҳкумшуда дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва колонияҳои ислоҳотӣ ҳикоя мекунад.
Ин китоб аз 144 сафҳа иборат буда, онро нашриёти «Адиб» бо теъдоди 1000 нусха ба чоп расонидааст.


