Журналисти ҳафтаномаи «Азия-Плюс» ғолиби озмун шуд

Ҳайдар Шодиев, журналисти ҳафтаномаи «Азия плюс» ғолиби озмуни  «Роҳи бехатар-2013»  гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия плюс» аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон хабар доданд. Ин озмунро миёни журналистон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Раёсати Бозрасии давлатии автомабилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда буданд. Тибқи иттилои манбаъ, озмуни ҷумҳуриявии воситаҳои ахбори омма бобати […]

Аҳлиддин Салимов


Ҳайдар Шодиев, журналисти ҳафтаномаи «Азия плюс» ғолиби озмуни  «Роҳи бехатар-2013»  гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия плюс» аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон хабар доданд.

Ин озмунро миёни журналистон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Раёсати Бозрасии давлатии автомабилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда буданд.

Тибқи иттилои манбаъ, озмуни ҷумҳуриявии воситаҳои ахбори омма бобати инъикоси масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар байни кӯдакон ва наврасон, фаъолияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба тарғиби фарҳангу одоби муомила байни ронанда, нозир ва пиёдагард, дар бораи ҳаёту фаъолияти нозирони  БДА эълон гардида буд.

Ба ин озмун 67 маводи интихобӣ, ки дар 27 ВАО-и чопӣ ва электронӣ нашр гардида буданд, дохил шуданд. Бо маслиҳати гурӯҳи тадорукот ва ҳайати ҳакамон 20 маводи беҳтарин ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Комиссия барои инъикоси фаъолияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои минтақавию ноҳиявии он Ҳайдар Шодиев – журналисти ҳафтаномаи «Азия плюс»-ро ғолиб донист.

Ҳамчунин дар бахшҳои дигари ин озмун журналистоне чун Абдувоҳиди Зевар, Ҷамила Хусейнова, Фарух Ҳусейнов, Ҳотами Ҳомид, Рустами Ҷонӣ, Субҳони Ҷалил, Нуриддин  Насридинов ғолиб дониста шуданд.


 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.