Эмомалӣ Раҳмон аз Қӯрғонтеппа боздид мекунад

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон фардо, 5-уми июл бо як сафари корӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ боздид мекунад. Бино ба итиллои маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон, президенти кишвар тайи се рӯз бо вазъи шаҳру навоҳии мазкур шинос шуда, бо мардуми маҳаллӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ҳамчунин иштироки роҳбари давлат дар ифтитоҳи […]

Сайраҳмон Назриев


Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон фардо, 5-уми июл бо як сафари корӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ боздид мекунад.

Бино ба итиллои маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон, президенти кишвар тайи се рӯз бо вазъи шаҳру навоҳии мазкур шинос шуда, бо мардуми маҳаллӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Ҳамчунин иштироки роҳбари давлат дар ифтитоҳи наздик ба 30 иншооти гуногун, аз ҷумла, корхонаю коргоҳҳо ва мактабу муассисаҳои давлатӣ дар назар аст.

Ба ҷуз ин, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии кушодашавии марҳилаи охири роҳи Панҷи Поён – Дӯстӣ – Қӯрғонтеппа, ки бо сармоягузории давлати Ҷопон азнавсозӣ шудааст, ширкат меварзад.

Зимни боздиди сарвари давлат дармонгоҳи замонавии бемориҳои сил, ки бо мусоидати барномаи ҲОУП ба маблағи беш аз 1,2 миллион доллари ИМА сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода мешавад. Ин дармонгоҳ барои 60 кат пешбинӣ шуда, бо таҳҷизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудааст.

Тибқи нақшаи пешакӣ, президент эҳтимол дар 4 тӯйи дастаҷамъонаи арӯсию домодӣ дар шаҳри Қӯрғонтепа ва ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ низ иштирок кунад.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди он ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар чанд рӯзи гузашта Эронро ба ҳамла таҳдид мекунад, баръакси ин дар хусуси шартҳои ду ҷониб...

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.