Маросими дипломсупорӣ ба хатмкардагони нахустини филилали Донишгоҳи Ломоносов (акс ва садо)

Имрӯз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Василевич Ломоносов ба хатмкардагони нахустини худ дипломи дараҷаи бакалаврро супурд. Алексей Реймерс, сардори филиали мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» дар бораи маросими дипломсупорӣ чунин ибрози ақида кард: «Барои соли аввал теъдоди хатмкунандагон, ки 12 нафарро ташкил медиҳанд, он қадар зиёд ҳисоб намешавад. Вале, ба ақидаи банда, бояд на […]

Гурдофариди Соҳибназар

Имрӯз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Василевич Ломоносов ба хатмкардагони нахустини худ дипломи дараҷаи бакалаврро супурд.


Алексей Реймерс,

сардори филиали мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» дар бораи маросими дипломсупорӣ чунин ибрози ақида кард: «Барои соли аввал теъдоди хатмкунандагон, ки 12 нафарро ташкил медиҳанд, он қадар зиёд ҳисоб намешавад. Вале, ба ақидаи банда, бояд на аз пайи миқдор, балки сифат шуд. Дар асл шумораи дохилшудагон дар аввал бештар буд, вале ин 12 нафар тавонистанд, ба мушкилот нигоҳ накарда, бо дониши баланди худ ҷавобгӯи талаботи донишгоҳ гарданд. Ғайр аз ин, ҷавонон корҳои дипломиашонро бо баҳои аъло ҳимоя карданд, ки шахсан боиси ифтихори ман ҳам ҳаст

».

 

 

Sohibnazar Sohibnazar”s Slidely by

Slidely – Slideshow maker


 

Яке аз аввалин донишҷӯён, Дониёр Сатторов, ки аз рӯйи ихтисоси барномасози системавӣ факултаи риёзии филилали донишгоҳи мазкурро хатм кардааст, дар сӯхбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт: «Дар ин факулта таҳсили илм дидан кори саҳл нест. Барои ҳамин донишҷӯёни ояндае, ки мехоҳанд ба факултаи мазкур ҳуҷҷат супоранд, бояд ба ин мушкилот омода бошанд. Онҳо бояд мактабро ба баҳои хубу аъло хатм карда, бо омодагии амиқ  ба ин даргоҳ оянд».

Хатмкардаи дигар – Нилуфар Ҷаъфарова мегӯяд, ки таҳсилро дар Москва идома додан мехоҳад. «Дар оянда мехоҳам барои Тоҷикистони азизам хизмат кунам, ки ҳам техникаву технология, ҳам иқтисодиёти кишварам рушд ёбад».

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.