ВКД-и Тоҷикистон гурӯҳи киберҷинояткорони эҳтимолиро безарар гардондааст

Кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ се сокини шаҳри Душанберо, ки дар киберҷиноят гумонбар шудаанд, боздошт карданд. Тавре сомонаи расмии ВКД иттилоъ медиҳад, Денис Раҳимови 29-сола, Ҷамшед Ҷӯраеви 34-сола ва Парвиз Назарови 32-сола дар воридшавии ­ғайриқонунӣ ба системаи муҳофизати ширкатҳои мобилии кишвар гумонбар шудаанд. Тибқи маълумоти нашршуда, дастгиршудагон дар давоми моҳҳои май […]

Аваз Юлдашев


Кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ се сокини шаҳри Душанберо, ки дар киберҷиноят гумонбар шудаанд, боздошт карданд.

Тавре сомонаи расмии ВКД иттилоъ медиҳад, Денис Раҳимови 29-сола, Ҷамшед Ҷӯраеви 34-сола ва Парвиз Назарови 32-сола дар воридшавии ­ғайриқонунӣ ба системаи муҳофизати ширкатҳои мобилии кишвар гумонбар шудаанд.

Тибқи маълумоти нашршуда, дастгиршудагон дар давоми моҳҳои май ва октябри соли 2012 ҳуҷраеро дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба иҷора гирифта, дар он ҷо як блоки системавӣ ва шаш дона USB-HUB бо 58 адад 3G модем гузошта, ба истифода из барномаҳои махсуси компютерӣ ғайриқонунӣ ба системаи муҳофизатшавандаи ширкатҳои «Вавилон М» ва “Индиго Тоҷикистон” (ҳоло Tcell) ворид шудааанд.

Зимнан онҳо аз ҳар қадом ширкати номбаршуда 217 адад симкорт истифода карда, ба «Вавилон М» ба маблағи умумии 226 ҳазор сомонӣ ва “Индиго Тоҷикистон” беш аз 101 ҳазор доллари амрикоӣ хисорот ворид кардаанд.

Аз рӯйи ин ҳодиса тибқи моддаҳои 298 (Ғайриқонунӣ даромадан ба иттилооти компютерӣ) ва 299 (Тағйир додани иттилооти компютерӣ) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.