Муфтӣ: Ман нагуфтам, ки шиканҷа дар маҳбас ҷой надорад

Сардори Шӯрои уламои мамлакат Саидмукаррам Абдулқодирзода аз суханони хеш, ки чанде пеш дар мавриди ҷой надоштани шиканҷа дар маҳбасҳои Тоҷикистон изҳор дошта буд, саркашӣ мекунад. Ӯ дар ин бора дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо дини Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи муфтӣ, дар яке аз намозҳои ҷомеъ, ки пас аз боздиди чанд маҳбас, ӯ дар бораи […]

Анита Мадшоева


Сардори Шӯрои уламои мамлакат Саидмукаррам Абдулқодирзода аз суханони хеш, ки чанде пеш дар мавриди ҷой надоштани шиканҷа дар маҳбасҳои Тоҷикистон изҳор дошта буд, саркашӣ мекунад. Ӯ дар ин бора дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо дини Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи муфтӣ, дар яке аз намозҳои ҷомеъ, ки пас аз боздиди чанд маҳбас, ӯ дар бораи шарту шароити зисти маҳбусон сухан карда будааст. 

«Ман дар якчанд боздоштгоҳҳо будам ва бо шароити нигоҳ дошта шудани маҳбусон ҳам ошно шудаам. Онҳо зоҳиран худро хуб эҳсос мекарданд, дар тан либоси поку тамиз доштанд,  ман чойхонаашонро дидам, ҳар кадом дар он ҷо гӯшаи худро доштанду имкони пухту паз барояшон муҳайё буд. Вақте ман ин суханҳоро мегуфтам, мақсадам дар мавриди шиканҷа набуд», – гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Мавсуф таъкид кард, ки дар ин бора ӯ дар ҷое сухане нагуфтааст ва оё рӯзноманигорон метавонанд барояш сабти гуфтаҳои мазкурро пешниҳод кунанд?

Ёдрас мекунем, ки охири соли гузашта дар хабаргузориҳои тоҷикӣ бо истинод ба намозгузорони масҷиди марказӣ маълумот пахш шуда буд, ки гӯиё Саидмукаррам Абдулқодирзода дар ҳузури садҳо нафар мӯътақидон матбуоти мустақили тоҷикро дар муболиғагӯйӣ дар мавриди шиканҷа дар маҳбасҳо гунаҳгор кардааст.

«Матбуот дурӯғ менависад. Шахсан ман дар давоми се рӯз дар якчанд зиндон будам ва бо маҳбусон сӯҳбат доштам, аз шароити буду боши онҳо низ воқиф гаштам. Ягон шиканҷа ва ё муносибати бераҳмонае дар он ҷо нест, рӯзноманигорон ҳангомаҷӯйӣ карда, аз буда бештар мегӯянд, ки вазъро бо ин муташанниҷ месозанд», -изҳор дошт муфтӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.