8-уми июли соли ҷорӣ идораи Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки маблағгузории такрориро ба 0,4% коҳиш дода, сатҳи солонаи онро 6,1% муқаррар кунад.
Тавре дафтари матбуотии Бонки миллӣ иттиоъ медиҳад, тағироти навбатӣ бо назардошти коҳиш додани фишор ва омилҳои беруна ба беқурбшавии пул, инчунин бо нияти самаранок баамалбарории сиёсати пуливу кредитии кишвар, пасткунии миқдори фоизи миёнаи кредит дар системаи бонкӣ қабул шудааст.
Ёдрас мекунем, ки бори охир миқдори маблағгузории такрории Бонки миллии Тоҷикисторн моҳи августи соли гузашта ба 0,3% коҳиш дода шуда буд.


