Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев сафири Намибия дар Русия Че Каматаро бо дархости ӯ ба ҳузур пазируфт.
Тавре намояндагии дипломатии Душанбе дар Москва хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ сафири Намибия иттилоъ дод, кикишвараш мехоҳад дар Тоҷикистон намояндагии дипломатӣ ифтитоҳ намояд. Тибқи иттилои сафир,қароргоҳи марказии намояндагии дипломатӣ дар шаҳри Москва хоҳад буд.
Сафирони Тоҷикистону Намибия оид ба роҳандозии ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод ва фарҳанг, инчунин ҳамшарикӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.


