Ба назари раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ҳодисаҳои ахири Миср, новобаста ба он, ки дар воситаҳои ахбори омма чӣ гунна арзёбӣ мешаванд, табаддулоти ҳарбӣ бо усули классикӣ аст ва тағйири ҳокимиятро дар ин кишвар ба таври дигар баҳо додан мумкин нест.
Ба андешаи ӯ, «ба ин на танҳо дар худи Миср, балки дар дигар марказҳое, ки тасмимҳои ҷаҳонӣ гирифта мешаванд ва барои аксарият ғайри қобили қабул буд, ки кишвари муҳиме чун Мисрро қувваҳои исломӣ идора кунанд, омодагӣ дида буданд».
Ба бовари Муҳиддин Кабирӣ, бо он чизе, ки ҳоло дар ин кишвар рух медиҳад, ҳама ба охир намерасад. Мардуми Миср рӯзе ба ин ҳодисаҳо дуруст баҳо дода, ҳарфи ниҳоии худро хоҳанд гуфт. Кабирӣ изҳори итминон кард, ки на танҳо мисриҳо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан халқҳое, ки аз ин инқилобҳо натиҷаҳои мусбатро мунтазир буданд, намегузоранд, ки ҳизби сиёсии дар интихобот пирӯзшуда ба куштори режими кӯҳна дода шавад. Роҳбари ҲНИТ изҳори умед кард, ки вазъи мавҷуда дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҳизбҳо ва қувваҳои асосӣ ҳаллу фасл мегардад.
Ӯ гуфт, набояд ба такрори таҷрибаи солҳои 80-уми низомиён, ки дар дилхоҳ замоне метавонистанд тақдири як қатор халқҳо ва давлатҳоро ҳал намоянд, роҳ дод.
«Аксар коршиносон ва сиёсатмадорон оид ба шикасти лоиҳаи исломӣ ва нокомии сиёсатмадороне ҳарф заданд, ки ба Ислом робита доранд. Аммо таҷрибаи ҳодисаҳои ахир нишон медиҳад, ки ин андешаи онҳо беасос аст. Ин танҳо яке аз марҳалаҳои рушди Исломи сиёсист. Табиист, ки дар ин муборизаи тӯлонӣ шебу фарозҳо хоҳанд буд. Бале, шояд ҳизби Мурсӣ дар ҷое ба иштибоҳ роҳ дод, аммо он мағлуб нашудааст, ин ҳизб дар интихобот пирӯз гашта буд ва ҳизби қонунан интихобшуда маҳсуб мешавад. Ва он чизе, ки ҳоло дар Миср рух медиҳад, маънои онро надорад, ки лоиҳа кулан мағлуб шудааст»,- мегӯяд сиёсатмадор.


