М. Кабирӣ: Ҳодисаҳои Миср табаддулоти ҳарбии классикист

Ба назари раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ҳодисаҳои ахири Миср, новобаста ба он, ки дар воситаҳои ахбори омма чӣ гунна арзёбӣ мешаванд, табаддулоти ҳарбӣ бо усули классикӣ аст ва тағйири ҳокимиятро дар ин кишвар ба таври дигар баҳо додан мумкин нест.  Ба андешаи ӯ, «ба ин на танҳо дар худи Миср, балки дар […]

Азия-Плюс


Ба назари раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ҳодисаҳои ахири Миср, новобаста ба он, ки дар воситаҳои ахбори омма чӣ гунна арзёбӣ мешаванд, табаддулоти ҳарбӣ бо усули классикӣ аст ва тағйири ҳокимиятро дар ин кишвар ба таври дигар баҳо додан мумкин нест. 

Ба андешаи ӯ, «ба ин на танҳо дар худи Миср, балки дар дигар марказҳое, ки тасмимҳои ҷаҳонӣ гирифта мешаванд ва барои аксарият ғайри қобили қабул буд, ки кишвари муҳиме чун Мисрро қувваҳои исломӣ идора кунанд, омодагӣ дида буданд».

Ба бовари Муҳиддин Кабирӣ, бо он чизе, ки ҳоло дар ин кишвар рух медиҳад, ҳама ба охир намерасад. Мардуми Миср рӯзе ба ин ҳодисаҳо дуруст баҳо дода, ҳарфи ниҳоии худро хоҳанд гуфт. Кабирӣ изҳори итминон кард, ки на танҳо мисриҳо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан халқҳое, ки аз ин инқилобҳо натиҷаҳои мусбатро мунтазир буданд, намегузоранд, ки ҳизби сиёсии дар интихобот пирӯзшуда ба куштори режими кӯҳна дода шавад. Роҳбари ҲНИТ изҳори умед кард, ки вазъи мавҷуда дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҳизбҳо ва қувваҳои асосӣ ҳаллу фасл мегардад.  

Ӯ гуфт, набояд ба такрори таҷрибаи солҳои 80-уми низомиён, ки дар дилхоҳ замоне метавонистанд тақдири як қатор халқҳо ва давлатҳоро ҳал намоянд, роҳ дод. 

«Аксар коршиносон ва сиёсатмадорон оид ба шикасти лоиҳаи исломӣ ва нокомии сиёсатмадороне ҳарф заданд, ки ба Ислом робита доранд. Аммо таҷрибаи ҳодисаҳои ахир нишон медиҳад, ки ин андешаи онҳо беасос аст. Ин танҳо яке аз марҳалаҳои рушди Исломи сиёсист. Табиист, ки дар ин муборизаи тӯлонӣ шебу фарозҳо хоҳанд буд. Бале, шояд ҳизби Мурсӣ дар ҷое ба иштибоҳ роҳ дод, аммо он мағлуб нашудааст, ин ҳизб дар интихобот пирӯз гашта буд ва ҳизби қонунан интихобшуда маҳсуб мешавад. Ва он чизе, ки ҳоло дар Миср рух медиҳад, маънои онро надорад, ки лоиҳа кулан мағлуб шудааст»,- мегӯяд сиёсатмадор.   

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.