Нахуствазири Тайланд аз Тоҷикистон боздид мекунад

Чанде қабл дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Директори Департаменти кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Наздик ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Тайланд Томвита Ярнсонаро ба ҳузур пазируфт.  Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мавзӯи асосии сӯҳбат омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқуи Сарвазири Шоҳигарии Тайланд хонум Йинглак Чиннават ба […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Директори Департаменти кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Наздик ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Тайланд Томвита Ярнсонаро ба ҳузур пазируфт.

 Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мавзӯи асосии сӯҳбат омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқуи Сарвазири Шоҳигарии Тайланд хонум Йинглак Чиннават ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иштироки Сарвазири Тайланд дар кори «Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» буд.

 Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рӯзномаи Конфронси мазкур, густариш додани заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, фаъол гардонидани робитаҳои дуҷониба, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин масоили марбат ба кушодани хатсайри ҳавоӣ байни ду давлат баррасӣ карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.