Истирдоди собиқ узви ИНОТ аз Русия ба Душанбе

Фахриддин Саидови барои содир намудани ҷиноёти гуногун мавриди ҷустуҷӯ қарордошта аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд. Бино ба иттилои ВАО-и Русия, Саидов дар Русия ҳудуди 6 сол бо шиносномаи қалбакӣ ба номи Маҳмадшариф Идиев иқомат дошта, дар Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноёте чун роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ, монеъа эҷод намудан дар адолати судӣ, ғайриқонунӣ […]

Меҳрангез Турсунзода


Фахриддин Саидови барои содир намудани ҷиноёти гуногун мавриди ҷустуҷӯ қарордошта аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Бино ба иттилои ВАО-и Русия, Саидов дар Русия ҳудуди 6 сол бо шиносномаи қалбакӣ ба номи Маҳмадшариф Идиев иқомат дошта, дар Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноёте чун роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ, монеъа эҷод намудан дар адолати судӣ, ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан ва ғайра муттаҳам дониста мешавад.

Фахриддин Саидов 25-уми октябри соли гузашта дар фурудгоҳи «Колтсово»-и шаҳри Екатеринбурги Русия ҳангоми кӯшиши убури марзи давлатӣ бо шиносномаи қалбакӣ боздошт шуда, дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки бо ин ҳуҷҷат ӯ ҳадди ақал ду маротиба марзро убур намудааст ва барои ин дар ҳаҷми 10 ҳазор рубли русӣ (ҳудуди 300 $) ҷаримабандӣ шудааст.

Гуфта мешавад, Фахриддин Саидов ҳамчун шахси наздики раиси Иттиҳоди тоҷикони вилояти Перми Русия Сайфиддин Одинаев муаррифӣ мешавад ва дар манзили ӯ низ расман ба қайд гирифта шудааст. Бо шиносномаи қалбакӣ дар вилояти Перм ӯ соҳиби амволи ғайриманқул будааст. Ҳамсараш – шаҳрванди Тоҷикистон ва кӯдаконаш дар Русия мондаанд.

Ғайр аз ин, замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Саидов узви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) буда, мавриди афв қарор гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.