«Мовароуннаҳр»: «Ориёнбонк» дигар ба фурӯши иншоот исрор намеварзад

Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи ваколатдори ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров дар робита ба қазияи пардохти қарзи ширкат ба ҶСК «Ориёнбонк» изҳор намуд, ки бонк ба онҳо пешниҳод намудааст, ки иншооти ба сифати гарав дар ихтиёри бонк қарордоштаро бо нархи барояшон мувофиқ худашон ба фурӯш гузоранд. Ба қавли Ёров, намояндагони ширкат ва бонк оид […]

ASIA-Plus


Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи ваколатдори ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров дар робита ба қазияи пардохти қарзи ширкат ба ҶСК «Ориёнбонк» изҳор намуд, ки бонк ба онҳо пешниҳод намудааст, ки иншооти ба сифати гарав дар ихтиёри бонк қарордоштаро бо нархи барояшон мувофиқ худашон ба фурӯш гузоранд.

Ба қавли Ёров, намояндагони ширкат ва бонк оид ба пардохти қарзи чанде қабл афзудаи ширкат дар назди бонк дар ҳаҷми 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ гуфтушунид карда, ба мувофиқа расидаанд, ки аз ҷониби худи ширкат дарёфт кардани мизоҷу бо нархи муносиб барои ширкат фурӯхтани иншооти ба сифати гарав дар бонк қарордошта мувофиқи мақсад аст.

«Вале мутаассифона, оид ба масъалаи афзудани қарзи ширкат дар назди бонк то ҳанӯз ҳеҷ чорае андешида нашудааст. Намояндагони бонк ваъда доданд, ки рӯзҳои наздик ин масъаларо бозбинӣ намуда, дар бораи пардохти қарзи воқеии ширкат ба бонк ба маблағи 2 млн. 400 ҳазор сомонӣ ё ҳаҷми афзудаи он ба маблағи 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ қарори ниҳоӣ қабул мекунанд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки даҳаи сеюми моҳи июни соли равон ҶСК «Ориёнбонк» изҳор намуд, ки ҳаҷми қарзи ширкати «Мовароуннаҳр»-ро то 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ афзуда, барои пардохти қарз иншооти ба сифати гарав гузоштаи ширкатро

ба фурӯш гузоштанист.

Дар навбати худ, баъди чанде ширкати «Мовароуннаҳр» дар посух изҳор дошт, ки агар ҶСК «Ориёнбонк» ба пардохти қарзи чанде қабл зиёдшуда дар ҳаҷми 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ исрор варзад, ширкати «Мовароууннаҳр»

ба суд муроҷиат мекунад.

Ширкат ба унвони бонк мактуби расмӣ фиристода, ишора намуд, ки маблағи воқеъии қарзи ширкат дар назди бонк ҳамагӣ 2 млн. 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Пас аз се рӯз ҶСК «Ориёнбонк» посух дод, ки пешниҳоди ширкати «Мовароуннаҳр» дар мавриди зиёд шудани ҳаҷми қарзро баррасӣ намуда, дар муддати як моҳи тибқи қонун муқарраршуда ба номаи онҳо

посух медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.