Саволҳои СММ ба Тоҷикистон дар бораи шиканҷа, зӯроварӣ ва рӯйдодҳои Хоруғ

Имрӯзҳо Тоҷикистон дар назди Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи ҷараёни амалисозии Муоҳадаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (МБҲШС) ҳисобот медиҳад. Рӯзи 9-уми июл дар Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон (КҲИ) дар шаҳри Женева Гузориши миллии Тоҷикистон дар бораи ҷараёни амалисозии Муоҳадаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ шунида […]

ASIA-Plus


Имрӯзҳо Тоҷикистон дар назди Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи ҷараёни амалисозии Муоҳадаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (МБҲШС) ҳисобот медиҳад.

Рӯзи 9-уми июл дар Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон (КҲИ) дар шаҳри Женева Гузориши миллии Тоҷикистон дар бораи ҷараёни амалисозии Муоҳадаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ шунида шуд.

Пас аз қисмати расмии муаррифиномаи гузориш, аъзои КҲИ ба саволдиҳӣ гузаштанд ва пас аз танаффуси 15-дақиқаина ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири адлия Рустам Менглиев посухҳои худро пешниҳод намуданд. Ин даври аввали муколама дар шакли «саволу ҷавоб» буд.

Аз ҷумла, аъзои КҲИ ба намунаҳои ҳалномаҳои судӣ нисбат ба истифодаи МБҲШС ба сифати афзалият аз болои ҳуқуқи миллӣ, масъалаи комилан бекор намудани ҳукми қатл, намояндагии баробари занон дар арсаи сиёсат ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ба масоили пешгирии шиканҷа ва мавҷуд набудани маълумот дар бораи тафтиши далелҳои шиканҷа дар Тоҷикистон, шумораи маҳкумшудагони бар асари шароити зиндонҳо ҳалокшуда ва сабабҳои марг дар маҳбас таваҷҷуҳи бештар дода шуд.

«Шумо гуфтед, ки яке аз сабабҳои асосӣ бемории сил аст. Ин мероси даврони шӯравӣ аст. Кишварҳои узвро мебояд оид ба ҳифзи ҳаёт чораандешӣ кунанд. Дар мубориза бо бемории сил чӣ тадбирҳо андешида мешаванд? Дигар ҳолатҳои марг бар асари зӯроварӣ ва кирдори золимона низ мавҷуданд: мо оид ба 7 далели мушаххас савол додем. Чораҳо андешида шудаанд, вале боиси нигаронист, ки аз 7 ҳолат танҳо дар як ҳолат ҷазо татбиқ шудааст (парвандаи Баҳромиддин Шодиев). Аввал, моҳияти ҳукм дар чист? Чаро маҳз ҳамин шахс маҳкум шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дигарон аз масъулият озод шуданд? Аз рӯи дигар ҳолатҳо умуман ҷазо татбиқ нашудааст – ё афвро мавриди амал қарор додаанд (парвандаи Сафаралӣ Сангов) ва ё пас аз тафтиши кутоҳмуҳлат парванда қатъ шудааст? Дар як парванда марг исбот шуда, пас аз чандин кӯшишҳои қатъ тафтиши парванда ҷараён гирифтааст, вале истеҳсолоти судӣ бо сабаби беморӣ (парвандаи Исмонбой Бобоев) мутаваққиф шудааст. Маълумотҳои асосноке мавҷуданд, ки марг дар маҳбасхонаҳо бар асари суистеъмол аз ҷониби хизматчиёни давлтӣ сурат гирифта, аксари онҳоро наметавон бо сабабҳои табиӣ шарҳ дод. Барои ислоҳи ин вазъ чӣ чораҳо андешида шуданд, мешаванд ё минбаъд андешида мешаванд?», – савол доданд аъзои Кумитаи СММ.

Дар посух намояндаи ҳайати Тоҷикистон зикр кард, ки муассисаҳои ислоҳии мавҷуда дар Тоҷикистон солҳои 30-60-уми асри гузашта сохта шудаанд. «Албатта, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки шароити онҳоро ба меъёрҳои ҷавобгӯ созем. Мушкилоти бемории сил ва дигар бемориҳо мавҷуданд. Ба мо муяссар шуд, ки тавқифгоҳҳо бунёд созем, соли 2005 дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ду муассисаҳои ислоҳиро ба истифода додем. Тайи ду соли ахир ду массисаи ислоҳӣ ва як муассиса барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба истифода додем. Мушкили дигар дар он ифода меёбад, ки дар Тоҷикистон муассисаи таълимии омодакунандаи кормандони муассисаҳои ислоҳӣ мавҷуд нест. Дар ин бора бо Қазоқистон мувофиқа ҳосил шуда, онҳо ба таври ройгон барои мо ин гуна кормандонро омода мекунанд. Мо низ мустақилона тренингҳо мегузаронем. Ба мо муяссар гардид, ки дар факултаи ҳуқуқшиносӣ оид ба тайёр намудани кормандони низоми ислоҳӣ як бахш кушоем», – иброз дошт ӯ.

Дар идома аъзои КҲИ аз қабули қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила истиқбол намуда, ҳамчунин ба мушкилоти ҷойдошта дар ин самт ишора намуданд. «Гузоришгари махсус оид ба масоили зӯроварӣ нисбат ба занон навишта буд, ки ин мушкилот хусусияти доимӣ дорад. Тибқи маълумоти як таҳқиқот, 70%-и занон бар асари зӯроварии оилавӣ ба худкушӣ даст мезананд. Дар робита ба масъалаи зӯроварӣ нисбати занон кадом муҷозот пешбинӣ шудааст? Оё ба ҷабрдидагон ҷубронпулӣ дода мешавад? Гузоришгари махсус пешниҳод кард, ки оид ба зӯроварӣ дар оила ба КҶ ҶТ моддаи махсус ворид шуда, ҷазо таъин карда шавад», – гуфтанд аъзои Кумита.

Ғайр аз ин, аъзои КҲИ ба оқибатҳои амалиёти низомии тобистони соли 2012 дар Хоруғ низ таваҷҷуҳ зоҳир сохтанд. «Хулосаҳои тафтиш чӣ гунаанд? Шумо мегӯед, ки 18 нафар ҳалоку 45 тан ҷароҳат бардоштаанд, аммо дар бораи ҳалокати шаҳрвандони мулкӣ (аҳолӣ) ҳеҷ маълумоте мавҷуд нест. Тавре шумо огоҳед, шумораи ҳалокати шаҳрвандони мулкӣ гуногунанд. Оё дар бораи ҳалокати шаҳрвандони мулкӣ тафтиш гузаронида шуд ва натиҷаҳои ин тафтишот мавҷуданд?», – пурсиданд намояндагони КҲИ.

Муколамаи ҳайати Тоҷикистон ва намояндагони Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон идома дошта, интизорӣ меравад, ки санаи 25-уми июл Кумита тавсияҳои худро ба Тоҷикистон пешниҳод хоҳад намуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.