Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озими Қирғизистон шуд

Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вузарои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шонҳой, бо сафарӣ корӣ озими шаҳри Чолпон-Атои Қирғизистон шуд. Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ 13-уми июл баргузор мегардад. Тибқи иттилои торнамои вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни ҷаласа раванди омодагӣ ба нишасти Шӯрои сарони […]

Азия-Плюс


Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вузарои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шонҳой, бо сафарӣ корӣ озими шаҳри Чолпон-Атои Қирғизистон шуд.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ 13-уми июл баргузор мегардад.

Тибқи иттилои торнамои вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни ҷаласа раванди омодагӣ ба нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 13-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, баррасӣ хоҳад шуд.

Вазирони корҳои хориҷӣ ҳамчунин масъалаҳои фаъолияти кунунии ин Созмон ва самтҳои рушди робитаҳоро дар чаҳорчӯби СҲШ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва рӯзномаи байнулмилалӣ табодули назар мекунанд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа пазируфтани қарорҳо оид ба нишасти дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.