АУ: Гуфтаи Тутубалина қобили қабул нест (садо)

Муҳаррири ҳафтавори «Азия-Плюс» Олга Тутубалина зимни таҳияи мавод мебоист фарҳанги мардуми тоҷикро ба инобат гирад ва ҳамзамон фаромӯш намесохт, ки меъёрҳои дар Ғарб ҷоизбуда наметавонанд ба меъёрҳои мардуми Шарқ мутобиқ бошанд. Ин аст назари ноиби президенти Академияи улуми Тоҷикистон Кароматулло Олимов, ки 11 июл дар рафти нишасти матбуотӣ вобаста ба қазияи даъвои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нисбат […]

Маҳпора Киромова


Муҳаррири ҳафтавори «Азия-Плюс» Олга Тутубалина зимни таҳияи мавод мебоист фарҳанги мардуми тоҷикро ба инобат гирад ва ҳамзамон фаромӯш намесохт, ки меъёрҳои дар Ғарб ҷоизбуда наметавонанд ба меъёрҳои мардуми Шарқ мутобиқ бошанд.

Ин аст назари ноиби президенти Академияи улуми Тоҷикистон Кароматулло Олимов, ки 11 июл дар рафти нишасти матбуотӣ вобаста ба қазияи даъвои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нисбат ба О.Тутубалина иброз дошт.

Ӯ зикр кард, ки ҳамагон Тутубалинаро ҳамчун журналисте мешиносанд, ки мудом мушкилоти доғи рӯзро пайгирӣ мекунад ва барои ин эҳтиромаш мекунанд. Лекин таҳқири ӯ ба унвони намояндагони зиёин қобили қабул нест ва аз ин рӯ, Академияи улум низ иттиҳодияҳоеро, ки ин маводро маҳкум намуда, бо мақсади ҳифзи шаъну эътибор ва мартабаи корӣ ба Суди иқтисодии Душанбе нисбати Тутубалина аризаи даъвогӣ доданд, дастгирӣ мекунад.

«Дар шумораи имрӯзи «Азия-Плюс» мақолаи сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов ба тарафдории Тутубалина чоп шудааст. Инчунин як ахбороте ҳаст аз Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ, ки онҳо ҳам тарафдорӣ кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки таҳқири шахси мушаххас дар матлаб нест, яъне тутбалинаро гунаҳгор намешуморанд. Вале ман ба шумо мегӯям, нормаҳои ахлоқие, ки дар Ғарб қабул шудааст, на ҳамеша дар қолаби ахлоқи Шарқию тоҷикии мо мувофиқ аст. Ва он калимаи истифодакардаи ӯ, хоҳ аз Ленин аст ё аз каси дигар, барои интеллигентсияи тоҷик таҳқир аст», – изҳор дошт Олимов.

Ба қавли номбурда, зиёии тоҷик аз чанд нафари «бесару пое», ки журналист бо ишора ба онҳо аз пайгирӣ нашудани мушкилоти умда аз ҷониби онҳо ёдовар шудааст, иборат нест. Олимов иброз дошт, ки пеш аз ҳама, зиёиёни тоҷикро афроде муаррифӣ мекунанд, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон эътироф шудаанд, аз ҷумла Садриддин Айнӣ.

«Агар имрӯзаро гирем, академикҳои поквиҷдоне дорем, ки солҳои сол дар душвориҳо бо сарулибосу пойафзоли кӯҳна вазифаи худро аз рӯйи инсоф иҷро кардаанд. Чӣ тавр онҳоро бо гуфтаи Ленин «г» мегӯед? Онҳо ватанпарастона кор карданд, гурехта нарафтанд. Аз ин рӯ, андешаи Тутубалина таҳқир аст», – гуфт Олимов.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар истифодаи истилоҳу мафҳум журналист бояд эҳтиёткору мулоҳизкор бошад ва назокати сухану  фарҳанги миллатро фаромӯш насозад.

Ба савол дар бораи он, ки чаро аҳли зиё ба Суди иқтисодӣ муроҷиат кардаанд ва то куҷо ба салоҳияти ин суд вобаста аст масъалаи мазкур, Олимов гуфт, дар ин хусус шарҳу тавзеҳи мушаххасе дода наметавонад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан намояндагони зиёиён нисбати муҳаррири ҳафтавори «Азия-Плюс» Олга Тутубалина оид ба ҳифзи шаъну эътибор ва мартабаи корӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда, дар он дархост намуданд, ки аз ҷавобгар ва ҳамҷавобгар (ҳафтавори «Азия-Плюс») барои расонидани зарари маънавӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ситонида шавад. Даъвогарон ҳамчунин таъини ташхиси судии лингвистӣ ва ҷиҳати таъмини даъво ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалинаро низ хоҳиш карданд.

Нусхаи аризаи даъвогӣ дар бораи ҳифзи шаъну эътибор ва мартабаи корӣ, ҷуброни зарари маънавӣ ба идораи ҳафтавори «Азия-Плюс» санаи 5-уми июл ворид шуд. Даъвогари асосӣ Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва ҳамдаъвогарон Академияи улуми ҶТ, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди оҳангсозон, Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон ва номзади улуми тиббӣ, корманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Дилбар Абдиева нишон дода шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки дирӯз дар ҷаласаи навбатии худ Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба чунин хулоса расид, ки матлаби муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-Плюс» Олга Тутубалина зери унвони «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» (Неинтелегентно об интеллигенции) мухолифи ягон банди «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» нест.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.