Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла» ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуданд, ки нархи орду маҳсулоти ордӣ дар моҳи Рамазон ва умуман дар фасли тобистон бетағйир боқӣ мемонанд, зеро ҳеҷ сабабе барои болоравии он мавҷуд набуда, ҳаҷми ин маҳсулот дар бозорҳои кишвар кофист ва гузашта аз ин, имсол ҳосили гандуми маҳаллӣ низ хеле хуб аст.
Тибқи маълумоти ахири омории КВД «Ғалла», нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 298 ҳазору 437 тонна гандум ва 103 ҳазору 137,7 ҳазор тонна орд ворид карда шудааст.
Сарфи назар аз коҳиши ҳаҷми воридоти гандуму орд нисбат ба нимсолаи аввали соли 2012 мутаносибан ба андозаи 15 ва 46%, ҳаҷми истеҳсоли орд дар дохили кишвар 14% афзуда, 556 ҳазору 758 тоннаро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ордӣ 2,5% зиёд шуда, ба 825 ҳазору 765,7 тонна расид.
«Нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки ҳаҷми истеҳсолот дар дохили кишвар коҳиш наёфтааст ва ин маънои онро дорад, ки яклухтфурӯшон ба таври кофӣ гандуму орди соли гузашта ҳангоми камбуд дастраскардаашонро захира намудаанд», – шарҳ доданд дар корхона.
Дар робита ба нархҳои яклухт низ мутахассисони корхона мутмаинанд, ки дар давраи ҳосилғундорӣ онҳо устувор боқӣ мемонанд. «Имрӯз нархи яклухти як халта (50 кило) орди воридотӣ 27 $ (ҳудуди 130 сомонӣ) ва орди маҳаллӣ дар баъзе ҷойҳои 20 $-ро ташкил медиҳад. Ғаллакорони тоҷик имсол ба ҳисоби миёна аз як гектар 35 сентнер (10 сентнер зиёдтар нисбат ба соли гузашта) ҳосили гандум ҷамъоварӣ мекунанд, ки ин низ гувоҳи ҳосили хуби гандум аст», – гуфт манбаъ.
Ба санаи 1-уми июли соли 2013 кишоварзони тоҷик 383 ҳазору 351 тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 20% зиёдтар аст.
Соли 2012 ҳосили гандум дар Тоҷикистон 801,2 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар буд.
Феълан талаботи Тоҷикистон ба гандум ба 1,5 млн. тонна баробар аст. Ҳамасола аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳудуди 500-600 ҳазор тонна гандум ворид карда мешавад.


