Дар Санкт-Петербург маълумотномаи ҷадид барои муҳоҷирон интишор шуд

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Взгляд в будущее» дар шаҳри Санкт-Петербург маълумотномаи навро зери унвони «В помощь трудовому мигранту» («Кӯмак ба муҳоҷири меҳнатӣ») аз чоп баровард. Бино ба иттилои торнамои намояндагии Хадамоти муҳоҷират, нахустин нусхаҳои маълумотнома аллакай дар фурудгоҳи Пулково-1, истгоҳҳои роҳи оҳан ва дигар […]

Азия-Плюс


Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Взгляд в будущее» дар шаҳри Санкт-Петербург маълумотномаи навро зери унвони «В помощь трудовому мигранту» («Кӯмак ба муҳоҷири меҳнатӣ») аз чоп баровард.

Бино ба иттилои торнамои намояндагии Хадамоти муҳоҷират, нахустин нусхаҳои маълумотнома аллакай дар фурудгоҳи Пулково-1, истгоҳҳои роҳи оҳан ва дигар мавзеъҳои ҷамъшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ройгон таксим карда шудааст. Қисме аз маводи интишоршуда барои тақсими минбаъда ба ҷамъиятҳои тоҷикистониён дар Санкт-Петербург супорида шудааст.

Дар маълумотнома асосан масъалаҳои маъмулие, ки муҳоҷир рӯ ба рӯ мешавад, роҳҳои ҳалли ин мушкилот, унвони мақомоту ташкилотҳои масъул, ки муҳоҷир имкон дорад ба онҳо ҳангоми ба амал омадани ин ё он муаммо муроҷиат кунад, нишон дода шудааст. Ҳамчунин як бахши маводро тавсияҳо оид ба қоидаҳои рафтори шоиста дар кишвари будубош ташкил медиҳад. Маълумотнома ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ таҳия шудааст.

Ёдовар мешавем, ташкилоти «Взгляд в будущее» ҳамон созмони ҷамъиятиест, ки моҳи марти соли гузашта маводи иттилоотиро бо акси муҳоҷирони меҳнатӣ дар шакли асбобҳои сохтмонӣ ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ интишор карда, мавриди вокуниши шадид қарор гирифта буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.