Дар шаҳри Зеленогарди вилояти Маскав ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 3 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дастгир шуданд.
Тавре РИА Новости хабар медиҳад, аз махфигоҳи сабукрави дастгиршудагон 22 бастаи маводи мухаддира мусодира шудааст. Муайян гардидааст, ки нашъаи мусодирашуда героин буда, 37 кило вазн дорад. Гуфта мешавад, ки ин миқдор нашъа дар бозори сиёҳ 1 млн. доллар арзиш дорад.
Мувофиқи иттилоъи интишоргардида, яке аз нашъаҷаллобон аз ҷониби ВКД Тоҷикистон барои куштор мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, дигарӣ намояндаи мухолифини тоҷик, яке аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандӣ будааст. Сомонаҳои расмии русиягӣ хабар медиҳанд, ки ба дастгиршудагон ҳукми ҳабси абад таҳдид менамояд.


