Ду сокини вилояти Суғд барои садди роҳи таҳсили фарзандонашон дар мактаб дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонигӣ ҷарима баста шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд, аз оғози сол нисбати ду волидоне, ки ба гирифтани маълумоти асосӣ барои фарзандонашон монеъа эҷод сохтаанд, 2 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ба иттилои манбаъ, яке аз онҳо сокини шаҳри Хуҷанд ва дигарӣ сокини ноҳияи Зафаробод мебошанд. «Бо қарори суд ҳар кадоме аз волидон дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд», – афзуд сарчашмаи хабар.


