Президент раҳбарияти «Барқи тоҷик»-ро иваз намуд

Дар ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» раҳбарият иваз шуд. Тавре сомонаи расмии сарвари давлат хабар медиҳад, мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, Абдулло Ёров бинобар вазъи саломатиаш аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шуд.  Бо қарори дигари ҳукумати ҷумҳурӣ Аслӣ Назаров раиси ширкати «Барқи Тоҷик» таъин карда шуд . Ҳамчунин бо […]

ASIA-Plus


Дар ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» раҳбарият иваз шуд.

Тавре сомонаи расмии сарвари давлат хабар медиҳад, мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, Абдулло Ёров бинобар вазъи саломатиаш аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шуд.  Бо қарори дигари ҳукумати ҷумҳурӣ Аслӣ Назаров раиси ширкати «Барқи Тоҷик» таъин карда шуд .

Ҳамчунин бо фармони президенти мамлакат, Исматулло Насриддинов намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналхалқӣ, ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Австрия таъин гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.