Қисме аз кормандони нави автовокзал аз озмоиш нагузаштанд

Ҳудуди 40 нафар кормандони терминали марказии мусофиркашонии пойтахт (автовокзал), асосан ҳайати шахсии хидматгузор аз давраи озмоишӣ нагузашта, аз кор озод карда шуданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари директори Asian Express Terminal Зуҳро Қӯзибоева хабар дод, аз оғози фаъолияти терминали нав тамоми кормандон бо шарти муҳлати озмоишӣ ба кор қабул шуда, сарфи назар аз […]

Меҳрангез Турсунзода


Ҳудуди 40 нафар кормандони терминали марказии мусофиркашонии пойтахт (автовокзал), асосан ҳайати шахсии хидматгузор аз давраи озмоишӣ нагузашта, аз кор озод карда шуданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари директори Asian Express Terminal Зуҳро Қӯзибоева хабар дод, аз оғози фаъолияти терминали нав тамоми кормандон бо шарти муҳлати озмоишӣ ба кор қабул шуда, сарфи назар аз соҳиби сертификат будан, зимни машғулиятҳои баъдӣ ба онҳо фаҳмонида мешуд, ки ба ҳамаи мизоҷон, қатъи назар аз дороиву нодорӣ, дар сатҳи ягонаи ҷавобгӯи меъёрҳои байнулмилалӣ хизматгузорӣ карда шавад ва аз ин рӯ, на ҳама аз санҷиши навбатӣ гузаштаанд.

Ба қавли ӯ, дар маҷмӯъ 38 нафар аз ҳисоби ҳайати шахсии хидматгузор, аз ҷумла ронандагону стюардессаҳо аз кор озод карда шудаанд. «Айни замон шумори кормандони терминал 195 нафарро ташкил медиҳад», – гуфт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи марти соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти терминали марказии мусофиркашонии пойтахт (автовокзал), пас аз таъмиру таҷдид ҳусни оғоз бахшид. Терминал ба ширкати «Asian Express Airline» мутааллиқ аст. Барои фаъолияти босамари терминал 40 адад автобусҳои мусофиркашони сатҳи байналмилалӣ, 40 адад нақлиёти сабукрави махсусгардонидашудаи истеҳсоли хориҷӣ ворид карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки автобусҳо дорои 49 ҷойи нишаст буда, дар пеши ҳар курсии ҷойи нишаст монитори бо Интернет насбшуда гузошта шудааст. Ҳамчунин автобус дорои яхдон, мизу курсӣ буда, дар бағочи он то 3,5 тонна бор ҷойгир карда мешавад. Стюардессаҳо ба мусофирон қаҳваву чой пешкаш карда метавонанд.

 «Asian Express Airline» ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва заминии мусофирон ва бору маҳсулот машғул аст. Иқтисодчӣ ва тоҷир Суҳроб Оймаҳмадов мудири кулли ширкат аст. Ширкат соли 2007 таъсис дода шуда, айни замон соҳиби 100%-и саҳмияҳои Терминали мусофиркашонии Душанбе аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.