Раҳмонов: Ба Атовуллоев сабти видеоии тӯйи писари президентро надодаам (садо)

Раҳмонов дар ҳайрат аст, ки дар барномаи шахси мухолифи ҳукумат номаш ба гунае истифода мешавад, ки гӯё ӯ сабти видеоии тӯйи писари президентро ба Додоҷон Атовуллоев додааст. Ба саволи журналист дар бораи воқеият доштани гуфтаҳои Атовуллоев бобати аз ҷониби худи Асадулло Раҳмонов ба ӯ дода шудани сабти видеоии тӯйи писари президент, раиси Кумита гуфт, чандин […]

Маҳпора Киромова


Раҳмонов дар ҳайрат аст, ки дар барномаи шахси мухолифи ҳукумат номаш ба гунае истифода мешавад, ки гӯё ӯ сабти видеоии тӯйи писари президентро ба Додоҷон Атовуллоев додааст.

Ба саволи журналист дар бораи воқеият доштани гуфтаҳои Атовуллоев бобати аз ҷониби худи Асадулло Раҳмонов ба ӯ дода шудани сабти видеоии тӯйи писари президент, раиси Кумита гуфт, чандин маротиба унвони худ ин гуна туҳматро шунидааст.

«Дар бойгонии мо чунин навор набуд ва чун шумо ҳама журналистони касбӣ ҳастед, хоҳиш, минбаъд кӯшиш кунед, ки ба сарчашмаои мӯътамад такя кунед, на ба ҳарзаҳои занҳои лаби об», – иброз дошт ӯ.

 

Ба саволи журналистон дар бораи мавриди бозпурсӣ қарор гирифтани операторони телевизион аз ҷониби кормандони КДАМ, ки овозаҳо дар ин хусус дар шаҳр паҳн шуда буданд, Раҳмонов посух дод, ки касе аз операторони телевизион ба КДАМ даъват нашуда буд.

Дар шарҳи масъалаи гоҳ-гоҳ қатъ шудани пахши барномаҳои шабакаи телевизиони мухолифи қазоқии «К+» дар қаламрави Тоҷикистон, Раҳмонов зикр кард, ки ҳукумати кишвар ба ин ҷараён ҳеҷ муносибате надорад.

Аммо раҳбарияти «К+» гумон дорад, ки қатъи пахши барномаҳои шабака ба намоиши барномаи тоҷикзабон бо иштироки журналисти мухолиф Додоҷон Атовуллоев рабт дорад, ки президенти Тоҷикистонро танқид мекунад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи майи соли равон дар шабакаи телевизионии «К+» ва видеохостинги YouTube сабти видеоӣ аз маъракаи тӯйи хонадоршавии писари президенти Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуд. Муаллифи барнома Додоҷон Атовуллоев он замон изҳор дошта буд, ки сабти видеоӣ аз маъракаи оилавии президент аз ҷониби Асадулло Раҳмонов ба ӯ пешниҳод шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.