МТС: Русияву Чин ба таъсиси давлати «Бадахшони Бузург» роҳ намедиҳанд

Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров изҳор намуд, ки баъзе кишварҳо муттаҳид намудани Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон ва таъсиси давлати наве бо номи «Бадахшони Бузург»-ро тарҳрезӣ намудаанд. «Зимни як конфронс дар Қазоқистон намояндаи Маркази зиддитеррори ИДМ иттилоъ дод, ки нақшаҳое оид ба таъсиси ду давлати нав дар минтақаи […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров изҳор намуд, ки баъзе кишварҳо муттаҳид намудани Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон ва таъсиси давлати наве бо номи «Бадахшони Бузург»-ро тарҳрезӣ намудаанд.

«Зимни як конфронс дар Қазоқистон намояндаи Маркази зиддитеррори ИДМ иттилоъ дод, ки нақшаҳое оид ба таъсиси ду давлати нав дар минтақаи Осиёи Марказӣ – дар қаламрави Бадахшон ва водии Фарғона мавҷуданд», – иброз дошт вай.

Ба қавли Сафаров, дар қаламрави Бадахшони кишвари ҳамсоя гурӯҳҳое амал мекунанд, ки аз ҷониби баъзе нерӯҳо дастгирӣ меёбанд ва ин гувоҳи он аст, ки бозиҳои геополитикӣ ҷараён доранд.

Сафаров мушаххас нагуфт, ки ин гурӯҳҳо тобеъи кадом нерӯҳо мебошанд ва танҳо ишора намуд, ки «аз ин ҳамагон ба хубӣ огоҳанд».

«Мо гуфта наметавонем, ки ин нақшаҳо айни замон ба амнияти Тоҷикистон таҳдиди бузурге доранд, зеро мо ба ҳимояи қисмати Бадахшони кишвари худ имкон дорем. Ғайр аз ин, ба мо шарикони стратегиамон – Русияву Чин кӯмак хоҳанд кард. Аммо баъзе кишварҳо чунин нақшаҳоро тарҳрезӣ мекунанд ва мо бояд ҳушёр бошем, то ки оромиву суботро дар ин минтақа нигоҳ дорем», – чунин мешуморад муовини директори МТС.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки Русияву Чин аз нақшаҳои таъсиси давлатҳои нав дар минтақаи Осмиёи Марказӣ нигаронанд, зеро ба хубӣ медонанд, ки чунин иқдомот, қабл аз ҳама ба муқобили онҳо равона шудааст. «Намояндагони Русия аллакай изҳор намуданд, ки ба амалисозии чунин нақшаҳо дар минтақаи мо роҳ нахоҳанд дод», – афзуд Сафаров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.