Медали нуқраи гӯштигири тоҷик дар Универсиадаи Қазон

Гӯштигири тоҷик дар риштаи самбо Комроншоҳи Устопириён ба гирифтани медали нуқраи мусобиқоти Универсиадаи XXVII-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия шарафёб гардид. Бино ба иттилои торнамои расмии Универсиада, дар қувваозмоии ниҳоӣ барои дарёфти медали тило дар вазни то 90 кило самбочии тоҷик аз варзишгари Русия Павел Румянтсев бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрдааст. Пас аз […]

Пайрав Чоршанбиев


Гӯштигири тоҷик дар риштаи самбо Комроншоҳи Устопириён ба гирифтани медали нуқраи мусобиқоти Универсиадаи XXVII-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия шарафёб гардид.

Бино ба иттилои торнамои расмии Универсиада, дар қувваозмоии ниҳоӣ барои дарёфти медали тило дар вазни то 90 кило самбочии тоҷик аз варзишгари Русия Павел Румянтсев бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрдааст.

Пас аз анҷоми қувваозмоии ниҳоӣ варзишгари рус Павел Румянтсев изҳор намудааст, ки барои ғалаба дар вохӯрии ниҳоӣ дастгирии мухлисон ба ӯ хеле кӯмак кардаааст. «Қувваозмоии ниҳоӣ душвортарин ва ҳарифи ман ҳарчанд ҷавон бошад ҳам, хеле пурқувват буд. Шояд имрӯз аз таҷрибаи кофӣ бьархӯрдор набуд, вале минбаъд дар шахси ӯ ман ҳарифи пурқувватеро мебинам», – иброз доштааст андешаҳои худро самбочии рус.

Дар ин вазни риштаи самбо Никола Милошевич (Сербия) ва Сӯҳроб Остонаев (Ӯзбекистон) ба медалҳои биринҷӣ соҳиб гардиданд.

Медали нуқраи Комроншоҳи Устопириён чорумин медали дастаи Тоҷикистон дар мусобиқоти Универсиадаи Қазон аст. Қаблан низ гӯштигирон барои дастаи Тоҷикистон як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Дар ҷадвали умумӣ аз рӯйи медалҳо дастаи Тоҷикистон дар мақоми 41-ум қарор дорад.

Аз рӯйи ҳисоби медалҳои Универсиадаи Қазон дастаи Русия бо 197 медал пешсаф аст, ки аз ин миқдор 100-тоаш медали тило – 52-тоаш – нуқра ва 45-тоаш – биринҷӣ мебошанд. Дастаи Ҷопон бо 55 медал (16-20-19) зинаи дуюм ва дастаи Чин бо касби 48 медал (16-20-12) мақомои сеюмро ишғол кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.