Корҳои таҷдиди аксари роҳҳои пойтахт то ҷашни Истиқлол ба итмом мерасанд

Ҳаракати нақлиёт тавассути қисмати ҷанубии пули хиёбони Саъдии Шерозӣ (рӯйи рӯдхонаи Душанбинка), ки ахири моҳи май баста шуда буд, аввали моҳи август барқарор карда мешавад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати истифодаи роҳҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт Сӯҳроб Мирзоев хабар дод, аз аввали моҳи август ҳаракати нақлиёт тариқи қисмати азнавсохтаи ҷанубии пул сурат гирифта, […]

Аваз Юлдошев


Ҳаракати нақлиёт тавассути қисмати ҷанубии пули хиёбони Саъдии Шерозӣ (рӯйи рӯдхонаи Душанбинка), ки ахири моҳи май баста шуда буд, аввали моҳи август барқарор карда мешавад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати истифодаи роҳҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт Сӯҳроб Мирзоев хабар дод, аз аввали моҳи август ҳаракати нақлиёт тариқи қисмати азнавсохтаи ҷанубии пул сурат гирифта, дар як вақт корҳои таҷдиди қисмати шимолии пул шурӯъ мегарданд, ки он ҳам муддати ду моҳ идома хоҳад ёфт.

«Барои таъмир ва азнавсозии пули мазкур ва роҳҳои вуруд ба он аз буҷети пойтахт 14 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шуд», – иброз дошт вай.

Ба қавли Мирзоев, ҷиҳати суръатбахшии бештар ба корҳои азнавсозии роҳу пулҳои пойтахт иншооти кӯҳнаи коммуникатсионӣ монеъа эҷод месозанд, ки маъмулан зери роҳҳо сохта шудаанд.

«Дар масъалаи маблағгузорӣ ва таъминот бо масолеҳи сохтмон бинокорони роҳу пулҳо ҳеҷ мушкилие надоранд», – зикр кард намояндаи мақомоти шаҳрдорӣ.

Номбурда изҳори итминон кард, ки корҳои таъмир ва азнавсозии аксари роҳҳои мошингради пойтахт бо наздикшавии таҷлили ҷашни солгарди навбатии Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон ба итмом хоҳанд расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.