Тоҷикистон кишвари озод буда, шаҳрвандони он роҷеъ ба ҳама гуна масоили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар озодона андешаи худро баён карда метавонанд ва бо ин сабаб барои ҳамкорӣ бо журналисти тоҷик Додоҷон Атовуллоев, ки берун аз ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ дорад, мо ҳеҷ кишвареро маҳкум карда наметавонем. Чунин ибрози андеша намуд оид ба ин масъала имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ.
Дар идома ӯ зикр намуд, ки «мардуми Тоҷикистон «бидуни ишораи» афроде чун Атовуллоев ҳам аз тамоми масоил ба хубӣ огоҳ аст».
Дар посух ба саволи журналистон бобати нияти дар маъракаи интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ ба сифати номзад иштирок кардан, Зарифӣ изҳор кард: «Ман қобилияти идоракунии давлатро надорам ва агар аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар наздам гузошта ба сифати вазир ба хубӣ бароям, ин ҳам бароям хушбахтӣ аст».
Дар идома вазири корҳои хориҷӣ изҳори итминон кард, ки маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон шаффоф ва дар вазъи демокративу орому субот баргузор хоҳад шуд. «Ҳатто агар кӯшишҳои дахолат аз хориҷи кишвар ба ин раванд шавад ҳам, боварӣ дорам, ки интихобот оромона сурат мегирад», – таъкид дошт Зарифӣ.
Дар робита ба масъалаи иштироки шаҳрвандони кишвар дар ҳайати гурӯҳҳои мусаллаҳ дар қаламрави давлатҳои дигар Зарифӣ гуфт, «чунин ҳодисаҳо дар натиҷаи он ба вуқӯъ мепайванданд, ки шаҳрвандони тоҷики муқими кишварҳои хориҷӣ рӯйдодҳои вақти он ҷоро дуруст арзёбӣ карда наметавонанд».
«Масалан, мо огаҳем, ки имрӯз тоҷикон ҳам дар сафи нерӯҳои ҳукумати Сурия ва ҳам дар қатори нерӯҳои мухолифи ин кишвар меҷанганд», – иброз дошт Зарифӣ.



