Дабири кулли ФФТ комиссари вохӯрии 1/4 финали Лигаи чемпионҳои КФО таъин шуд

Дата:


Дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев комиссари вохӯрии якуми чорякниҳоии финали Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё миёни дастаҳои «Ал-Аҳли» (Арабистони Саъудӣ) ва «Сеул» (Кореяи Ҷанубӣ таъин гардид.

Бино ба иттилои торнамои расмии ФФТ, ин вохӯрӣ санаи 21-уми август дар варзишгоҳи ба номи Шоҳ Абдулазизи шаҳри Ҷидда доир мегардад, ки ғунҷоишаш 25 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Вохӯрии мазкурро ҳайати доварон аз Қатар таҳти сарварии Абдулло Дормуҳаммад Балиде доварӣ мекунанд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное