Зимни мулоқоти сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов бо мудири шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Аҳмадрафиқ Ҳомидов масоли марбут ба амалисозии бандҳои Созишномаи баимзорасида миёни ҲХДТ ва ҳизби сиёсии ҳоким дар Озарбойҷон «Ени Озарбойҷон» баррасӣ шуданд.
Тавре роҳбари Маркази таблиғот ва таҳлили КИМ ҲХДТ Адҳам Мирсаидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи такмили фаъолияти ҳизбҳои ҳокими ҳарду кишвар дар остонаи маъракаҳои интиҳоботи президентӣ дар Тоҷикистону Озарбойҷон тирамоҳи соли равон табодули назар намуданд.
«Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масоили роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши табодули таҷриба миёни ҲХДТ ва «Ени Озарбойҷон» таваҷҷуҳ зоҳир шуд», – афзуд А.Мирсаидов.
Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихоботи президенти Озарбойҷон санаи 16-уми октябри соли равон доир мегардад. Ба туфайли ворид намудани тағйироту илова ба Сарқонуни кишвар, президенти вақти Озарбойҷон Илҳом Алиев имкони хуб дорад, ки пайи ҳам маротибаи сеюм ба ин мансаб дастёб гардад.
Маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон тирамоҳи соли равон пешбинӣ гардида, интизорӣ меравад, ки аввали моҳи август дар иҷлосияи муштараки ҳарду палатаи парлумон санаи баргузории интихоботи сарвари давлат эълон карда мешавад.



