Тавсияҳои табиб: дар рӯзҳои гармои камсобиқа чӣ бояд кард? (видео)

Ҳарорати ҳаво дар якчанд рӯзи оянда ғайричашмдошт боло меравад. Пизишкон тавсия медиҳанд, ки сокинони кишвар барои пешгирии  бемориҳо чораандешӣ кунанд. Табиби Маркази саломатии шаҳри Душанбе Киром Раҳматуллоев ба сокинони кишвар ҳушдор медиҳад, ки дар натиҷаи дуру дароз зери офтоб истодан ё баланд шудани ҳарорати ҳаво одамон метавонанд ба бемории гармизадагӣ ё офтобзадагӣ гирифтор шаванд. Бар […]

Аҳлиддин Салимов


Ҳарорати ҳаво дар якчанд рӯзи оянда ғайричашмдошт боло меравад. Пизишкон тавсия медиҳанд, ки сокинони кишвар барои пешгирии  бемориҳо чораандешӣ кунанд.

Табиби Маркази саломатии шаҳри Душанбе Киром Раҳматуллоев ба сокинони кишвар ҳушдор медиҳад, ки дар натиҷаи дуру дароз зери офтоб истодан ё баланд шудани ҳарорати ҳаво одамон метавонанд ба бемории гармизадагӣ ё офтобзадагӣ гирифтор шаванд. Бар асари гирифтор шудан ба ин беморӣ таби бадан баланд мешавад. Агар дар зери офтоб бисёр монанд, сӯхтани пӯсти бадан, пайдоиши обилачаҳо дар пӯст, инунин дарди сару қайкунӣ ба амал меояд.

Мутахассис тавсия медиҳад, ки дар рӯзҳои гарми офтобӣ одамон бояд аз кӯлҳо ва обанборҳое истифода кунанд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои беҳдоштиянд. Ҳамчунин дар хонаҳои худ аз оби ҳаммом баҳра бардоранд.

Ба гуфтаи Киром Раҳматуллоев, дар ин рӯзҳои гармо аз истеъмоли хӯрокҳои зуд вайрон мешуда худдорӣ бояд кард. Бештар меваҳои тару тоза, шарбатҳои мева, обҳои минералиро истифода кардан ба маврид аст. Дар ин рӯзҳо шахсоне, ки бемориҳои фишорбаландӣ, ишемии дил, диққи нафас ва ғайра доранд, шиддати гарморо бештар эҳсос мекунанд. Аз ин рӯ, бояд тавсияҳои табибонро риоя созанд ва чӣ доруворие, ки зарур аст, саривақт истеъмол кунанд. Ҳамзамон дар ҷойҳои салқин, зери дарахтон, назди ҳавзҳо бошанд, то таъсири гармии офтоб камтар гардад.

Табиб афзуд, ки гармо метавонад ба кӯдакони хурдсол таъсири бештар дошта бошад. Зеро ҷисми кӯдакон бисёртар аз об иборат аст ва дар рӯзҳои гарм метавонад мубодила ва мувозинати оби организми онҳо вайрон шавад. «Аз ин рӯ, аз ҳамаи падару модарон хоҳиш мешавад, ки кӯдакони худро эҳтиёт кунанд ва дар ҷойҳои сояи зери дарахтон, назди кӯл ва ё ҳавзҳои хонаҳои худ нигоҳ доранд, ки таъсири гармо ба узвҳои дарунӣ зиёд набошад», – гуфт мутахассис.


Тавсияи духтур

from

AsiaPlus

on

Vimeo

.

Бино ба иттилои сарвари Муассисаи обуҳавошиносии кишвар Маҳмад Сафаров, дар рӯзҳои 27-ум то 31-уми июл ҳаво дар вилояти Хатлон 41-48 дараҷа, дар вилояти Суғд 38-43 ва ноҳияҳои тобеи марказ 37-42 дараҷа ва дар баландкӯҳҳо 35-40 дараҷа гарм мешавад. Ҳамзамон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 33-38 дараҷа ва дар баъзе минтақаҳо то 42 дараҷа, дар шарқи вилоят 18-22 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои оянда гармии ҳаво ба 40-42 дараҷа мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.