Дар Маскав ҷаласаи ҳайати муштаракаи ВКД-и Русия ва Тоҷикистон доир мегардад

Ҷаласаи навбатии ҳайати муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон 27-уми август дар Маскав баргузор мешавад. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласаи ҳайати муштараки ВКД-и ду кишвар масоили марбут ба ҳамохангии ду ниҳоди қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизми  байналмилалӣ, ҷинояткории фаромиллӣ ва гардиши ғайриконунии воситаҳои нашъаовар […]

Аваз Юлдашев


Ҷаласаи навбатии ҳайати муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон 27-уми август дар Маскав баргузор мешавад.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласаи ҳайати муштараки ВКД-и ду кишвар масоили марбут ба ҳамохангии ду ниҳоди қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизми  байналмилалӣ, ҷинояткории фаромиллӣ ва гардиши ғайриконунии воситаҳои нашъаовар мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Тибқи иттилои вазорат, имрӯз вазифаи асосии ду ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ табодули иттилои муҳиму таъҷилӣ байни давлатҳо маҳсуб мешавад. Ин амал ба онҳо имкон медиҳад, ки саривақт аз амалҳои таҳдидомези ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ чораву тадбирҳо андешида шаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷараёни нишасти хабарӣ, 19-уми июл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар натиҷаи панҷ амалиёти муштараки доирнамудаи кормандони ВКД-и Тоҷикистон ва Русия, аз гардиши ғайриқонунӣ беш аз 50 кг ҳероин мусодира карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.