Вазорати нақлиёт хоҳони ҳалли ниҳоии масъалаи бозсозии нақби «Истиқлол» аст

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҳукумати ҷумҳурӣ бозбинии масъалаи бозсозии нақби «Истиқлол»-ро пешниҳод кардааст. «Мо ба ҳукумат бо пешниҳоди ҳалли ниҳоии созишнома миёни Вазорати нақлиёт ва ширкати эронии Sobir муроҷиат кардем ва агар кор карданӣ набошанд, бигзор ҷойро барои дигарон холӣ кунанд», – гуфт дар ин робита зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти кишвар Низом Ҳакимов. […]

Пайрав Чоршанбиев


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҳукумати ҷумҳурӣ бозбинии масъалаи бозсозии нақби «Истиқлол»-ро пешниҳод кардааст.

«Мо ба ҳукумат бо пешниҳоди ҳалли ниҳоии созишнома миёни Вазорати нақлиёт ва ширкати эронии Sobir муроҷиат кардем ва агар кор карданӣ набошанд, бигзор ҷойро барои дигарон холӣ кунанд», – гуфт дар ин робита зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти кишвар Низом Ҳакимов.

Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба масъалаи маблағгузорӣ Вазорати нақлиёт ба созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки осиёгии рушд муроҷиат карда, ин бонк ба маблағгузории зарурӣ омодагӣ изҳор намудааст.

Вазир қайд кард, ки масъалаи бозсозии нақби «Истиқлол» мушкилоти умда дар бахши нақлиёти кишвар аст. «Сарфи назар аз кӯшишҳои зиёд, мутаассифона, натиҷаҳои зарурӣ ба даст намеоянд. Ахири моҳи гузашта мо ба ҳукумати Эрон бо номаи расмӣ муроҷиат намудем, то ки барои баррасии ин мушкилот як ҳайати эронӣ ба Душанбе оянд. Аммо эрониҳо бо ишора ба сабабҳои сершумор, аз ҷумла дар Эрон сари мансаб омадани президенти дигар ва ташкили ҳайати нави ҳукумат, ба Душанбе ташриф наоварданд», – иброз дошт ӯ.

Ҳакимов таъкид дошт, ки ҷониби Тоҷикистон «вақти гаронбаҳое»-ро аз даст дод, ки анҷоми корҳои бозсозӣ дар ин муддат имконпазир буд. «Мо ният доштем, ки моҳи майи соли равон тамоми масолеҳи сохтмони заруриро омода намуда, тамоми муддати фасли тобистон нақбро бубандем ва ба корҳо оғоз бахшем, вале ҳукумати Эрон 3 млн. $ маблағи ваъдагиро таъмин накарда, ҳамагӣ 1,1 млн. $ маблағ ҷудо намуд», – зикр кард вазир.

Ёдрас мекунем, ки даҳаи дуюми моҳи апрели соли равон палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Тоҷикистонро тасдиқ карда буд.

Зимни шарҳи Ёддошти мазкур ба вакилон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов изҳор намуд, ки мақсад аз тасдиқи санади мазкур анҷоми боқимондаи лоиҳа буда, ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ Тоҷикистон 3 млн. доллари ИМА ва Эрон низ 3 млн. доллари ИМА маблағи бурсӣ ҷудо мекунанд.

Номбурда ҳамчунин гуфта буд, анҷоми корҳои бозсозии сохтмони нақби «Истиқлол» ахири моҳи сентябри соли равон дар назар буда, то ахири моҳи май тамоми масолеҳу таҷҳизот ва техника ба иншоот интиқол ва моҳи июн бевосита корҳои бозсозӣ шурӯъ мешаванд.

«Дар тамоми давраи иҷрои корҳои сохтмонии бозсозӣ мо комилан манъ шудани ҳаракати нақлиёт тавассути нақбро дархост намуда, равуои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ба воситаи роҳи кӯҳна – ағбаи Анзоб сурат мегирад ва мо имкон дорем, ки роҳ тавассути ағбаро дар муддати якчанд рӯз пурра барои ҳаракати нақлиёт омода намоем», – иброз дошта буд Н. Ҳакимов.

Вазир зикр карда буд, ки аз оғози сохтмон барои бунёди нақби «Истиқлол» 39 млн. доллари ИМА маблағ масраф гардидааст, ки 21 млн. долллари ИМА қарз, 10 млн. доллари ИМА маблағи бурсии Эрон ва боз 7,8 млн. доллари ИМА маблағи ҳукумати ҶТ аст.

Даҳаи сеюми моҳи майи соли равон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов хабар додп буд, айни замон алҳол масъалаи маблағгузории ин корҳо

ҳаллу фасл нагардида,

аз ҷониби ҳукумати Эрон тамоми воситаҳои зарурии пешбинишуда ҷудо нашудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.