Русия аз рӯйи сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҷойи аввалро касб мекунад


Ҳачми сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ 182,2 миллион долларро ташкил дод, ки ба $47,7 млн. аз нишондоди ҳамин давраи соли 2012 бештар аст.

Тавре муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон Шӯҳрат Раҳматбоев 30-юми июл дар нишасти хабарӣ хабар дод, тибқи ҳисоботи соли 2012 ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷӣ дар қиёс бо соли гузашта 2,4 маротиба афзуда, 746,3 млн.-ро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳиссаи сармоягузориҳои мустақими хусусӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ  62,4 миллион долларо ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 2,1 миллион доллар бештар таъриф мешавад.

Ҳиссаи Русия дар ҳачми умумии сармоягузориҳои хориҷӣ $46,3 миллионро ташкил медиҳад. Аз онҳо ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим 40 миллион долларо ташкил медиҳад ва дар Тоҷикистон аз рӯйи сармоягузорӣ ҷойи аввалро касб мекунад.

Туркия бо ҳиссаи сармоягузорияш дар ҳаҷми $46 млн., дар ҷойи дуюм,  Чин бо $29,2 млн. дар ҷойи сеюм қарор доранд. Эрон бо $15 млн., АМА бо $6,9 млн., Қатар бо $6,5 млн., Шветсия бо  $4,9 млн., Бритониё бо  $4,2 млн., ИМА бо $4,2 млн., ва ғайраҳо аз паси ҳамдигар ҷойҳои муайянро ишғол мекунанд.

Бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба соҳаи алоқа ва сохтумон ҷалб шудааст.

Ба қавли Раҳматбоев, эҳтимоли зиёд аст, ки дар ояндаи наздик ду ширкати хориҷӣ метавонанд ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми  800 миллион доллар маблағ ҷудо кунанд.

«Яке аз онҳо ширкати эронии «Лиён Ковони Кониҳо Симони байналмилалии Тоҷикистон» аст, ки азм дорад дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон корхонаи семент бунёд кунад. Ҳамчунин созишномаи имтиёз байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Hos International Trading SDN BHD» оид ба сохтумони Маркази барқу гамрдиҳии Шӯроб мувофиқа карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар ин ниҳод мӯътақиданд, ки бо ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон душвориҳо ҷой нахоҳанд дошт. Мушкилоти пайдошавандаи сармоягузорон бояд ба тартиби додгоҳи байни субъектҳои хоҷагидорӣ ҳалли худро пайдо кунанд.

Мавсуф вазъияти марбут ба чандин миллион қарздор будани «Барқи Тоҷик» дар пеши НБО-и Сангтудаҳоро ҳамчун мисол овард, ки ин нерӯгоҳҳо бо кӯмаки сармоягузориҳои Русия ва Эрон сохта шудаанд.

«Фикр мекунам, ин масъала ба тадриҷ ҳалли худро пайдо мекунад ва дар ин маврид набояд гуфт, ки ҳоалтҳои монанд метавонанд ба ҷазобияти сармоягузории кишвар таъсири манфӣ расонанд. Ҳама баҳсу мунозираҳоеро, ки байн субъектҳо ба вуҷуд меоянд, метавон аз тариқи қонун ҳал кард, бигзор ба додгоҳ муроҷиат кунанд»,-тавзеҳ дод ӯ.

Агар сухан сари бахши хусусӣ равад, он гаҳ, ба қавли Раҳматбоев, дар сохтори ММҶ (маҷмӯъи даҳсулоти дохилӣ) ҳиссаи бахши хусусӣ тақрибан 50%-ро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисоботи 5 моҳ, дар Тоҷикистон 250 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд. Дар ҳамин давра бонкҳои кишвар ба бахшҳои хусусӣ ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ қарз додааан, ки назар ба соли 2012 ба 1,7 миллион сомонӣ бештар аст.

Барои дастгирии бахши соҳибкорӣ дар Тоҷикистон Бунёди дастгирии соҳибкорон ташкил карда шуд, ки бо шартҳои афзалиятнок қарз медиҳад.

То кунун аз буҷаи давлат 5 миллион сомонӣ ва аз дигар сарчашмаҳо 28 миллион сомонӣ барои Бунёди мазкур ҷудо карда шудааст. 

spot_imgspot_img

Популярное