Шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ ба 10 млн. наздик мешавад

Айни замон шумори муштариёни алоқи мобилӣ дар Тоҷикистон ба 10 млн. нафар наздик мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки аҳолии ҷумҳурӣ 8 млн. нафар аст. Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Татяна Холмуродова ин вазъро чунин шарҳ дод, ки як муштарӣ дорои якчанд сим-корт аст. «Шумори муштариёни фаъол бошад, тақрибан 6,1 млн. нафарро […]

Пайрав Чоршанбиев


Айни замон шумори муштариёни алоқи мобилӣ дар Тоҷикистон ба 10 млн. нафар наздик мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки аҳолии ҷумҳурӣ 8 млн. нафар аст.

Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Татяна Холмуродова ин вазъро чунин шарҳ дод, ки як муштарӣ дорои якчанд сим-корт аст. «Шумори муштариёни фаъол бошад, тақрибан 6,1 млн. нафарро ташкил медиҳад», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Холмуродова, дар саросари кишвар беш аз 360 ҳазор нафар муштариён аз алоқаи собит (телефони тавассути сим ё хонагӣ) истифода мекунанд, ки айни замон ба ҳар 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон 4,5 адад телефони алоқаи собит ва 62 адад телефони ҳамроҳ рост меояд.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, феълан дар бозори алоқаи Тоҷикистон 6 оператори мобилӣ бештар фаъоланд. Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ дар бахши алоқа ба маблағи умумии беш аз 1 млрд. 64 млн. сомонӣ хизматгузориҳо пешниҳод гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,8% зиёдтар аст. Аз ҳаҷми умумии хизматгуориҳо 95%-ашро ҳиссаи операторони мобилӣ ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.