Эҳтимоли иштироки ширкатҳои чинӣ дар сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон

Эҳтимоли иштироки ширкатҳои чинӣ дар сохтмони қитъаи роҳи оҳани  Ваҳдат –Ёвон зимни мулоқоти вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фань Сяньжун барассӣ гардид. Тавре Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯри ҳамчунин атрофи масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳо оид ба татбиқи лоиҳаи  таҷдиди роҳҳои автомобилгарди шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа, иштироки паймонкорони хитоӣ  […]

Пайрав Чоршанбиев


Эҳтимоли иштироки ширкатҳои чинӣ дар сохтмони қитъаи роҳи оҳани  Ваҳдат –Ёвон зимни мулоқоти вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фань Сяньжун барассӣ гардид.

Тавре Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯри ҳамчунин атрофи масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳо оид ба татбиқи лоиҳаи  таҷдиди роҳҳои автомобилгарди шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа, иштироки паймонкорони хитоӣ  дар лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани минтақаи Ваҳдат-Ёвон, таъмири роҳҳои назди даромадгоҳҳои  нақби Шаршар, раводиди чандкаратаи Хитой барои интиқолди6андагони Тоҷикистон ва ифтитоҳи хатсайри парвози иловагии Урумчӣ-Душанбе табодули назар сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки маблағи умумии қарзи Чин барои сохтмони ин қитъаи роҳи оҳан 42 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод, ки 27 млн. долллари ИМА-и он ба сохтмони нақбу пулҳо дар ин роҳ масраф гардида, 15 млн. долллари ИМА-и боқимонда бевосита ба сохтмони роҳ равона хоҳанд шуд. Интизор меравад, ки шартнома оид ба ҷудо намудани ин маблағҳо рӯзҳои наздик ба имзо бирасад.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз аз ҳисоби маблағҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 5 километри қитъаи Ваҳдат-Ёвон, ки дарозии умумиаш бояд беш аз 40 километрро ташкил бидиҳад, сохта шудааст. Дар маҷмӯъ корҳои сохтмонӣ дар беш аз 27 километри қисмати мазкур идома дошта, қисмати боқимонда дар марҳилаи лоиҳакашӣ қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.