Ду корхонаи кишвар ба сертификати меъёри «Ҳалол» соҳиб шуданд

Ду корхонаи ватанӣ ба сертификати меъёри «Ҳалол» соҳиб шуда, ояндаи наздик маҳсулоти онҳо бо ин тамға дар фурӯшгоҳҳо пешкаш хоҳад шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи назорати давлатии меъёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти давлатии Тоҷикистон Афзалшо Воҳидов хабар дод, сертификати «Ҳалол» ба коргоҳи ҳасиббарории «Амирӣ» (Душанбе) ва ҶДММ «Файзи Расул» (Хуҷанд) дода […]

ASIA-Plus


Ду корхонаи ватанӣ ба сертификати меъёри «Ҳалол» соҳиб шуда, ояндаи наздик маҳсулоти онҳо бо ин тамға дар фурӯшгоҳҳо пешкаш хоҳад шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи назорати давлатии меъёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти давлатии Тоҷикистон Афзалшо Воҳидов хабар дод, сертификати «Ҳалол» ба коргоҳи ҳасиббарории «Амирӣ» (Душанбе) ва ҶДММ «Файзи Расул» (Хуҷанд) дода шудааст.

«Дар баъзе фурӯшгоҳҳо маҳсулоти гӯштӣ бо тамғаи «Ҳалол»-ро дидан мумкин аст, вале ин навъи маҳсулот алҳол дар мо истеҳсол намешавад ва корхонаҳои зикршуда баъди як-ду ҳафтаи дигар ба фурӯши маҳсулоти худ таҳти ин тамға шурӯъ мекунанд», – иброз дошт А.Воҳидов.

Ба қавли номбурда, айни замон ба 37 корхонаи ватанӣ барои гирифтани иҷозатномаи тамғаи «Ҳалол» шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва 14-тои онҳо барои дасрасӣ ба он дархост пешниҳод намудаанд.

Варианти тоҷикии иҷозатномаи тамғаи «Ҳалол» бо забонҳои тоҷикиву форсӣ ва англисӣ навиштаҷот дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.