Ҳукми суди Душанбе оид ба «гаравгонон»-и украинӣ

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гумонбарон дар парвандаи «гаравгонон»-и украиниро ҷаримабандӣ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шавқат Қосимов, адвокати шаҳрванди Қазоқистон Сафархоҷа Партоев хабар дод, зерҳимояи ӯ гӯё се нафар шаҳрвандони Украинаро дар шаҳри Душанбе гаравгон гирифтааст. Судшаванда тибқи моддаи 334-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Худсарӣ) гунаҳкор эътироф гардида, ба пардохти ҷарима маҳкум шуд. Ёдрас мекунем, […]

ASIA-Plus


Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гумонбарон дар парвандаи «гаравгонон»-и украиниро ҷаримабандӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шавқат Қосимов, адвокати шаҳрванди Қазоқистон Сафархоҷа Партоев хабар дод, зерҳимояи ӯ гӯё се нафар шаҳрвандони Украинаро дар шаҳри Душанбе гаравгон гирифтааст. Судшаванда тибқи моддаи 334-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Худсарӣ) гунаҳкор эътироф гардида, ба пардохти ҷарима маҳкум шуд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январи соли равон дар Душанбе як амалиёти аз гаравгонӣ озод кардани се нафар шаҳрвандони Украина доир гардид. Бино ба маълумоти расмии ВКХ ҶТ, ба гумони даст доштан дар гаравгон гирифтани шаҳрвандони Украина шаҳрванди Қазоқистон ва зодаи Тоҷикистон Сафархоҷа Партоев ва шаҳрванди Тоҷикистон Шаҳбози Абдуҳалим боздошт шуда, нисбати онҳо аз рӯи моддаҳои 181 (Ғасби гаравгон) ва 259 (Тамаъҷӯӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Барои озод кардани гаравгонон онҳо гӯё 100 ҳазор доллари ИМА талаб намуда буданд. Пас аз озодӣ шаҳрвандони Украина

ба ватан баргаштанд.

Ахири моҳи майи соли равон адвокати Сафархоҷа Партоев, гумонбар ба гаравгон гирифтани шаҳрвандони Украина оид ба қатъи парвандаи ҷиноӣ ва аз ҳабс озод кардани зерҳимояаш ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон

дархост ирсол намуд.

Ба қавли адвокат, чун айбдоршаванда Партоев муддати 7 моҳ дар ҳабс қарор дошта, айбнома нисбати ӯ ва Шаҳбози Абдуҳалим исботи худро наёфтанд, моддаи 130, қ. 2 (Одамрабоӣ) ба моддаи 334 (Худсарӣ)-и КҶ ҶТ тағйир дода шуда, ҳар кадоме аз айбдоршавандагон дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз толори суд озод карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.