Омбудсмен: Чеҳраҳои маҳкумшудагон аз шароити хуби будубош гувоҳӣ медиҳанд

– Дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон барои маҳбусон тамоми шароитҳо муҳайё шудаанд ва инро метавон аз чеҳраҳои онҳо пай бурд, – изҳор кард зимни нишасти хабарии рӯзи 31-уми июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и ҶТ Зариф Ализода. Омбудсмен таъкид дошт, ки тибқи мушоҳидаҳояш дар муассисаҳои пӯшида тамоми шароит, аз ҷумла ҳаммом, оби гарму хунук мавҷуд […]

Маҳпора Киромова


– Дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон барои маҳбусон тамоми шароитҳо муҳайё шудаанд ва инро метавон аз чеҳраҳои онҳо пай бурд, – изҳор кард зимни нишасти хабарии рӯзи 31-уми июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и ҶТ Зариф Ализода.

Омбудсмен таъкид дошт, ки тибқи мушоҳидаҳояш дар муассисаҳои пӯшида тамоми шароит, аз ҷумла ҳаммом, оби гарму хунук мавҷуд аст. «Чеҳраҳои маҳбусон гувоҳи онанд, ки дар таъминот бо ғизо онҳо мушкилоте надоранд. Ягона мушкилот иншооти мавҷуда аст, зеро онҳо ба меъёрҳои чунин муассисаҳо ҷавобгӯ нестанд. Феълан мо чунин биноҳо сохта истодаем. Дар Хуҷанд тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и хуб мавриди истифода қарор гирифта, дар Ваҳдат ҳам чунин бино сохта мешавад», – гуфт Ализода.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ «шиканҷа зиёд нашудааст». Тибқи маълумоти ахири Омбудсмен, соли равон дар мавриди далели шиканҷа 2 парванда ва болоравӣ аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ 1 парванда боз шудааст.

Ализода фаъолияти гурӯҳи махсуси кориеро хотиррасон намуд, ки дар муассисаҳои ислоҳии кишвар ҷиҳати ошкор сохтани далелҳои истифода шиканҷа мониторингҳо баргузор мекунад ва намояндагони Эътилофи зидди шиканҷа низ аъзои ин гурӯҳ мебошанд.

«Мувофиқи нақшаи корӣ, нимаи дуюми соли равон ҳамроҳ бо аъзои гурӯҳи кории мазкур аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд, муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак ва шояд муассисаи ислоҳӣ барои кӯдакон боздид мекунем», – ҳарф зад аз нақшаҳои оянда Ализода.

Дар робита ба саволи журналистон оид ба эродҳои гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа Хуан Мендес ҳангоми сафари соли гузаштааш ба Тоҷикистон ва тадбирҳои андешида ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои зикршуда, Ализода изҳор намуд, ки ин камбудиҳо асосан ба шароитҳои будубоши маҳбусон дахл дошта, ба нақшаи кории соли равон ворид шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, сафари навбатии Хуан Мендес ба Тоҷикистон соли 2014 сурат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли 2012 дар мулоқот бо журналистон дар Душанбе Хуан Мендес зикр карда буд, ки дар Тоҷикистон истифода аз шиканҷа барои гирифтани баёноти зарурӣ хусусияти доимӣ дошта, барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва прокуратура методи асосии тафтишот аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.